Аломати хоси корона дар солмандони чист?
Равоношуфтагӣ (Delirium), яке аз алоими шойеъи вируси корона дар беморони солманд аст ва ба гуфтаи муҳаққиқон аз ҳар се фарди болои 65 сол як нафар бар асари ибтило ба вируси корона дучори равоношӯфтагӣ мешавад.
Муҳаққиқони Донишгоҳи Лондон изҳор кардаанд, ки равоношуфтагӣ метавонад барои афроди солманд бисёр хатарнок бошад ва эҳтимоли хатари марги онҳоро 24 дарсад ва эҳтимоли бистарӣ шудан дар бахши “ICU”-ро 67 дарсад афзоиш медиҳад.
Пизишкони бемористони умумии Массачусетс бо ҳамкории донишмандони Донишгоҳи Ҳарвард низ дар ин замина 817 фарди солманди мубтало ба коронаро дар ҳафт бемористони Иёлоти Муттаҳида баррасӣ карданд ва дарёфтанд, ки аз миёни онҳо 226 нафар (28 дарсад) дучори равоношӯфтагӣ шудаанд.
37 дарсад аз беморони мубтало ба равоношӯфтагӣ низ алоими корона, монанди таб ё танагии нафасро надоштанд.
Равоношуфтагӣ ё “Delirium”, дар ҳақиқат ихтилоли куллӣ дар эъмоли шинохтӣ ва заъфи ҳӯшёрӣ аст ва асари он рӯй мағз метавонад тӯлонӣ муддат ё доимӣ бошад.
Ёфтаҳои ин мутолиа дар маҷаллаи “JAMA Network Open” мунташир шудааст.
Бар ин асос равоношӯфтагӣ шашумин аломати шойеъи корона пас аз таб, сурфа, заъф, коҳиши кислорода ва танагии нафас аст.
БЕШТАР БИХОНЕД:
- Донишмандон маншаи чинии коронаро рад карданд
- Корона заъифкуш аст
- Кӯдакони мубтало ба корона чӣ аломате доранд?