Тасмими Трамп барои лағви ҳаққи шаҳрвандии навзодони муҳоҷир
(last modified Sat, 21 Nov 2020 12:34:55 GMT )
Ноябр 21, 2020 17:34 Asia/Dushanbe
  • Трамп нақша дорад, ки шаҳрвандии ИМА барои тифлони муҳоҷирро лағв кунад
    Трамп нақша дорад, ки шаҳрвандии ИМА барои тифлони муҳоҷирро лағв кунад

Раиси Ҷумҳурии Амрико қасд дорад бо як дастури иҷроӣ, ҳаққи шаҳрвандии навзодонеро, ки падару модарашон амрикоӣ нестанд лағв кунад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз пойгоҳи хабарӣ-таҳлии Ҳилл, Раиси Ҷумҳурии Амрико Доналд Трамп, ин кор анҷом шавад.

дар ҳоли баррасии мутаваққиф кардани эътои ҳаққи шаҳрвандӣ ба навзодоне аст, ки падару модарашон амрикоӣ нестанд.

Чанд тан аз мақомоти давлати Трамп дар ҳоли баррасии ин дастури иҷроӣ ҳастанд, то қабл аз баргузории маросими савгандёди Ҷо Байден дар 20 январи соли 2021, ин кор анҷом шавад.

Агарчӣ гуфта мешавад, ки бо имзои ин дастури иҷроӣ ба дасти Трамп, ҳаққи шаҳрвандӣ дигар  ба навзодони муҳоҷир дода намешавад, аммо бархе мутахассисон мегӯянд ин дастури иҷроӣ агар ба имзои Трамп бирасад ҳам ба қонун табдил намешавад, зеро ҳаққи шаҳрвандӣ  тибқи ислоҳи чордаҳуми Конститутсияи Амрико ҳифз карда мешавад.

Дар ҳоли ҳозир ҳар кӯдаке, ки дар Амрико ба дунё биёяд сарфи назар аз инки падару модараш амрикоӣ бошанд ё на, ба таври худкор  шаҳрванди ин кишвар мешавад.

 

Бештар бихонед: