Моҷарои "хонаи сагҳои Ас-Сисӣ" чист?
Дар Миср видеоҳое, ки аз дохили яке кохҳои раиси ҷумҳурии ин кишвар ба берун расида ва хонаҳои бузурги сагҳои Ас-Сисиро нишон медиҳад сару садои зиёде барпо кардааст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз торнамои шабакаи хабарии Ал-Олам, ҳаштак # байт_ калб_ Ас-Сисӣ дар Миср ба як тамоюли Твиттер табдил ёфтааст ва корбарон видеоклипҳоеро, ки Муътаз Матар, рӯзноманигори мухолифи мисрӣ дар шабакаҳои телевизеонии Аш-Шарқ пахш кардааст, дубора нашр кардаанд.
Матар дар барномаи худ дар шабакаи телевизионии Аш-Шарқ, ки дар Туркия пахш мешавад гуфтааст, ки ин видеоҳоро яке аз коркунони Кохи Ас-Сисӣ ба даст овардааст.
Яке аз ин клипҳои видеоӣ хонаҳои бузурге дар Кохи Абдулфаттоҳ Ас-Сисиро нишон медиҳад, ки ба нигаҳдорӣ ва парвариши сагҳо ихтисос дорад ва дохили онҳо ҷои хобу ҳаммом вуҷуд дорад.
Корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ таъкид доранд, дар ҳоле Абдулфаттоҳ Сисӣ ба сохти хонаҳои бузург барои тарбияти сагҳо иштирок дорад, ки мардуми Миср бо фақру тангдастӣ ва мушкилоти маишатӣ дасту панҷа нарм мекунанд ва бисёре аз онҳо хонаҳои фарсуда ва кучак доранд.
Пеш аз ин низ дар шабакаи телевизионии Ал-Ҷазира дар гузорише ҷузъиёти Кохи муҷаллали раёсати Ҷумҳурии Мисрро мунташир карда ва ёдовар шуда буд, ки ин Кох даҳ баробар бузургтар аз Кохи Сафеди Амрико аст ва барои сохти он афзун бар 2,25 миллиард фунти мисрӣ, яъне беш аз 144 миллион доллар ҳазина шудааст.
Бештар бихонед: