Корона даҳҳо бонкро дар Русия ба варшикастагӣ кашонд
Густариши вируси корона даҳҳо бонки русиро дар остонаи варшикастагӣ қарор додааст.
Ба гузориши ИРНА, расонаҳои русӣ, азҷумла шабакаи дувуми телевизиони давлатии Русия рӯзи душанбе дар гузоришҳои худ аз эҳтимоли лағви муҷаввизи фаъолияти даҳҳо бонки Русия хабар доданд.
Бар асоси ин гузоришҳо соли оянда ба хотири шуюи ҳамагирии вируси корона дар Русия Бонки Марказии ин кишвар низоми бонкиро аз 35 бонки заиф ва бидуни сармояи кофӣ поксозӣ ва таътил хоҳад кард, ки ин бонкҳо 10 дарсади бонкҳои Русияро шомил мешавад.
26 дарсади бонкҳои Русия дар шароити кунунӣ бо зиён фаъолият мекунанду 36 дарсади бонкҳои Русия ҳам бо коҳиши шадиди сармоя мувоҷеҳ шудаанд.
Пешбинӣ мешавад, бо идомаи ин раванд соли оянда муҷаввизи кори теъдоди бештаре аз бонкҳои русӣ бекор шавад.
Ҳамчунин шабакаи дувуми телевизиони давлатии Русия ҳам эълом кард: аз моҳи январ то сентябр ниме аз кулли бонкҳои русӣ бо хуруҷи сармоя мувоҷеҳ шуданд.
Охирин омори корона дар Русия
25 ҳазору 173 бемори ҷадид дар 24 соати гузашта дар Русия шиносоӣ шуданд ва маҷмӯи мубталоён ба корона дар ин кишвари паҳновар ба ду миллиону 114 ҳазору 502 нафар расид.
Ҳамчунин то кунун 36 ҳазору 540 тан бар асари корона ҷони худро аз даст додаанд.
Бештар бихонед: