Баргузории додгоҳи Ҳоҷи Илҳом Алиев дар Ҷумҳурии Озарбойҷон
(last modified Wed, 25 Nov 2020 05:07:24 GMT )
Ноябр 25, 2020 10:07 Asia/Dushanbe
  • Муҳокимаи Ҳоҷи Илҳом Алиев, муовини раиси Ҳизби исломии Озарбойҷон баргузор шуд
    Муҳокимаи Ҳоҷи Илҳом Алиев, муовини раиси Ҳизби исломии Озарбойҷон баргузор шуд

Ҷаласаи муҳокимаи Ҳоҷи Илҳом Алиев, муовини раиси Ҳизби исломии Озарбойҷон, дар Додгоҳи ҷиноятҳои вазнини Боку баргузор шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз пойгоҳи хабарии ҳақоиқи Қафқоз, Ҷаводов вакили Ҳоҷи Илҳом Алиев рӯзи сешанбе гуфт: «Ҷаласаи муҳокимаи ноиби раиси Ҳизби исломи Ҷумҳурии Озарбойҷон дар торихи 23 ноябр таҳти раёсати додрас Фоик Қаниев паси дарҳои баста баргузор шудааст.»

Дар ин ҷаласа вакилони Ҳоҷи Илҳом Алиев табдили ҳукми боздошти  ӯ ба ҳабси хонагиро бо таваҷӯҳ ба шароити ҷисмии вай хостор шуданд.
 
Қозии ин додгоҳ зимни радди дархости вакилони  Алиев, ҷаласаи баъдии расидагӣ ба парвандаи сарпарасти ҳизби исломро рӯзи 7 декабр эъломи кард.
 
Ҳоҷи Илҳом Алиев аз феврали 2020 бар асоси модаи 274 қонуни кайфарии Ҷумҳурии Озарбойҷон ба иттиҳоми хиёнат ба кишвараш дар боздошт аст.
 
Вай ҷонишини Муҳсин Самадов аст, ки соли 2011 милодӣ ба 12 сол зиндон маҳкум шуд.
 
Ҳизби исломии Ҷумҳурии Озарбойҷон дар соли 1992 милодӣ таъсис шуда ва як ҳизби сиёсии мухолифи давлати Боку ба шумор меравад.

 

Бештар бихонед: