Ноябр 25, 2020 11:14 Asia/Dushanbe
  • Кишварҳое, ки дар конфронси Женева-2020 оид ба сулҳ дар Афғонистон ширкат мекунанд, ба маблағи 12 миллиард доллар кумак мекунанд
    Кишварҳое, ки дар конфронси Женева-2020 оид ба сулҳ дар Афғонистон ширкат мекунанд, ба маблағи 12 миллиард доллар кумак мекунанд

Кишварҳои ширкаткунанда дар нишасти Женева мутааҳид шуданд то соли 2024 маблағи 12 миллиард доллар ба Афғонистон кӯмаки молӣ кунанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории садо ва симои  Эрон, дар баёнияи поёнии нишасти ду рӯзаи Женева дар бораи Афғонистон, ки сешанбешаб поён ёфт кишварҳои ширкаткунанда таъаҳҳуд карданд, ки дар соли 2021 маблағи се миллиард доллар ва то соли 2024 низ 9 миллиард доллари дигар ба ин кишвари ҷангзада кӯмаки молӣ кунанд.
 
Дар баёнияи поёнии ин нишасти ин кишварҳо бо эъломи ҳимоят аз Афғонистон, оташбаси фаврӣ ва поёни ҷангро низ дар ин кишвар хостори шуданд.
 
Дар нишасти Женева намояндаго аз 66 кишвари ҷаҳон ва 32 созмони байналмилалӣ ба сурати маҷозӣ ҳузур доштанд ва суханронӣ карданд.
 
Конференсияи Женева дар бораи Афғонистон имсол ба иллати ҳамагирии корона ба сурати маҷозӣ баргузор шуд.
 
Мизбонии ин нишастро давлати Афғонистон, Финланд ва Созмони Милали Муттаҳид бар ӯҳда доштанд.
 
Нишастҳои тааҳудоти молӣ барои бозсозии Афғонистон ҳар чаҳор сол як бор баргузор мешавад. 

 
Бештар бихонед:

Барчасп