Ноябр 26, 2020 09:44 Asia/Dushanbe
  • Марадона рӯзи 25 ноябри 2020 дар синни 60 солагӣ даргузашт
    Марадона рӯзи 25 ноябри 2020 дар синни 60 солагӣ даргузашт

Алберто Фернандес, раисиҷумҳури Аргентина дар паёме ба муносибати даргузашти Марадона 3 рӯз азо(мотам)-и умумӣ дар кишвараш эълом кард.

Ба гузориши ИРНА, даргузашти Марадона ҳамаи мардуми Аргентинаро таҳти таъсир қарор дода ва бархе ахбор ҳокӣ аз он аст, ки мардум ба нишонаи нороҳатӣ ба хиёбонҳо омадаанд.

Даргузашти Марадона ҳамчунин бо вокуниши шахсиятҳои матраҳи дунёи футбол ҳамроҳ буд.

Расона‌ҳои Аргентина асри чаҳоршанбе аз даргузашти Диего Марадона бар асари оризаи қалбӣ хабар доданд.

Марадонаи 60 сола, чанде қабл ба иллати оризаи қалбӣ дар бемористон бистарӣ ва ҷарроҳӣ шуда буд.

Вай яке аз беҳтарини бозикунони таърихи футбол ва ситораи даҳаи 80 милодӣ ба шумор мерафт ва ҳамвора шуморе аз бозикунон ва мураббиёни саршинос, коршиносон, маҷаллоти тахассусии футбол ва низ ҳаводорони ин риштаи варзишӣ, ӯро бартарин бозикуни тамоми таърихи футбол медонанд.

 

 

Барчасп