Афзоиши омодабоши саҳюнистҳо дар пайи шаҳодати Муҳсини Фахризода
Сафоратхонаҳои режими саҳюнистӣ дар саросари ҷаҳон пас аз террори Муҳсини Фахризода, донишманди санъати дифоии Эрон ва вуҷӯди нишонаҳое мабнӣ бар дасти доштани Тел Авив дар ин ҷиноят, ба ҳолати омода бош даромадаанд ва тадобири амниятии шадидеро дар пеш гирифтаанд.
Ба гузориши ИРНА, дар пайи террори Фахризода, режими саҳюнистӣ сатҳи омодабоши нерӯҳои худро дар тамоми сафоратхонаҳояш боло бурдааст.
Шабакаи хабарии Ал Маёдин низ аз афзоиши сатҳи омодабоши нерӯҳои амрикоӣ дар минтақа ба дунболи террори доктори Муҳсини Фахризода хабар дод.
Баъд аз зуҳри рӯзи ҷумъа, террористони мусаллаҳ, худрави ҳомили Муҳсини Фахризода, раиси Созмони пажӯҳиш ва навоварии вазорати дифои Эронро ҳадафи ҳамла қарор дода ва вайро ба шаҳодат расонданд.
Ин иқдоми террористӣ бо маҳкӯмияти шахсиятҳо, созмонҳо ва бархе кишварҳои дӯсти Ҷумҳурии Исломии Эрон мувоҷеҳ шудааст.
Дар ҳамин робита сухангӯи масъӯли сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо рӯзи шанбе бо судӯри баёнияе террори шаҳид доктор Муҳсини Фахризода, донишманди мумтози ҳастаӣ ва санъати дифоии Эронро иқдоме ҷинояткорона хонд.
БЕШТАР БИХОНЕД:
- Сухунони тааммули барангези Помпео як рӯз қабл аз террори донишманди эронӣ
- Як мақоми исроилӣ: Фахризода, "Қосим Сулаймони"-и барномаи ҳастаии Эрон буд