Даъвати Боку аз кишварҳои исломӣ барои ҳамкорӣ дар ободонии Қара‌боғ
https://parstoday.ir/tg/news/world-i59469-Даъвати_Боку_аз_кишварҳои_исломӣ_барои_ҳамкорӣ_дар_ободонии_Қара_боғ
Вазири иқтисоди ҷумҳурии Озарбойҷон аз кишварҳои исломӣ хост то барои иҷрои тарҳҳои зерсохтӣ дар минтақаи Қарабоғ ширкат кунанд.
(last modified 2025-09-23T13:20:16+00:00 )
Ноябр 29, 2020 13:06 Asia/Dushanbe
  • Дар Қарабоғ фурсатҳои бисёре барои сармоягузории кишварҳои исломӣ вуҷӯд дорад
    Дар Қарабоғ фурсатҳои бисёре барои сармоягузории кишварҳои исломӣ вуҷӯд дорад

Вазири иқтисоди ҷумҳурии Озарбойҷон аз кишварҳои исломӣ хост то барои иҷрои тарҳҳои зерсохтӣ дар минтақаи Қарабоғ ширкат кунанд.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии Ҳақоиқи Қафқоз,  Микоил Ҷабборов,  вазири иқтисоди ҷумҳурии Озарбойҷон дар 36-умин ҷаласаи Кумитаи доимии ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷории Созмони Ҳамкории Исломӣ гуфт: “иҷрои зерсохтҳои ҷадиди ва тарҳҳои сохтумонӣ дар минтақаи озод шудаи Қарабоғ, якӣ аз аслитарин вазоифе аст, ки ҷумҳурии Озарбойҷон дар пеши рӯ дорад”.

Вай бо ишора ба нақши муҳими Созмони Ҳамкории Исломӣ дар беҳбуди рифоҳ дар ҷаҳони ислом эълом кард, дар ин минтақа фурсатҳои бисёре барои сармоягузории кишварҳои исломӣ вуҷӯд дорад.

Ин нишаст ба сӯрати видеоӣ ба раёсати Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисиҷумҳури Туркия ва ҳайатҳои кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Исломӣ, намояндагони муассисоти тахассусии ин созмон ва намояндагони ниҳодҳои мухталифи байналмилалӣ баргузор шуд.

 

БЕШТАР БИХОНЕД: