Тазоҳуроти густарда дар Фаронса дар эътироз ба қонуни амниятии ҷадид+филм
https://parstoday.ir/tg/news/world-i59492-Тазоҳуроти_густарда_дар_Фаронса_дар_эътироз_ба_қонуни_амниятии_ҷадид_филм
Ҳазорон нафар дар эътироз ба қонуни амниятии ҷадиди Фаронса, ки филмбардорӣ аз маъмурони полисро мамнӯъ мекунад дар беш аз 70 шаҳр ба хиёбонҳо омаданд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Ноябр 30, 2020 11:42 Asia/Dushanbe

Ҳазорон нафар дар эътироз ба қонуни амниятии ҷадиди Фаронса, ки филмбардорӣ аз маъмурони полисро мамнӯъ мекунад дар беш аз 70 шаҳр ба хиёбонҳо омаданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, вазири кишвари Фаронса «Ҷеролд Дарманин»  хушунат алайҳи полисро "ғайри қобили қабул " хонд ва эълом кард: 37 нерӯи полис дар ҷараёни ин эътирозот захмӣ шудаанд.

Бинобар гузоришҳо, дар ин эътирозоти ҳаддиақалӣ 46 нафар боздошт шудаанд.

Гурӯҳҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ аз он нигаронанд, ки қонуни нави амният хушунати полисро фош намекунад ва ҷинояткоронро ҷазо намедиҳад.

 

Ин эътирозот баъд аз он ташдид шуд, ки видеоӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ мунташир шуд, ки дар он полиси полис як шаҳрванди сиёҳпӯстро мавриди зарбу шатм қарор медод. Раиси Ҷумҳурии Фаронса  « Эмануел Макрон» рӯзи ҷумъа дар вокуниш ба тасовири мунташиршуда аз ваҳшигарии полис  гуфт ин тасовир боиси шармандагии Фаронса аст.

Бештар бихонед: