Ноябр 30, 2020 15:02 Asia/Dushanbe
  • Кинояи Чжао Лижян ба сарбозони Австралия: Мо омадем, то ба шумо сулҳ орем
    Кинояи Чжао Лижян ба сарбозони Австралия: Мо омадем, то ба шумо сулҳ орем

Нахуствазири Австралия дар эътироз ба иқдоми сухангӯи Вазорати умумри хориҷаи Чин дар интишори тасвири хушунатомези низомии австралияӣ дар Афғонистон узрхоҳии давлати Пекинро хостор шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Ройтерс, нахуствазири Австралия Скот Морисон имрӯз ( душанбе ) аз давлати Чин хост то барои он чӣ интишори тасовири ҷаълӣ аз иқдомоти низомиёни Австралия дар Афғонистон хонд, узрхоҳӣ кунад.
 
Сухангӯи Вазорати хориҷаи Чин «Чжао Лижян» дар паёми Твиттерӣ бо ишора ба гузорише, ки ахиран аз ҷиноёти низомиёни Австралия дар Афғонистон мунташир шуда гуфтааст: «аз қатли ғайринизомиён ва зиндониёни афғон ба дасти сарбозони Австралия ба даҳшат афтодаем ва хостори муҳокимаи онҳо ҳастем».

Ӯ ҳамчунин дар тавзеҳоти аксе, ки мунташир карда ва дар он сарбози австралиягӣ кордро бар гулӯи кӯдаки афғон қарор дода ба киноя навиштааст : «натарсед,  мо омодаем, ки барои шумо сулҳ ба ҳамроҳ оварем.»

Соате пас аз интишори ин паёми Твиттерӣ, нахуствазири Австралия Морисон хостори ҳазфи ин тасовир аз сафҳаи Твиттери сухангӯи Вазорати хориҷаи Чин шуд.
 
Ба тозагӣ гузориши мустақиле дар хусуси ҷиноёти ҷангии мунтасиб ба низомиёни Австралия мунташир шудааст, ки нишон медод 19 низомии Австралия дар қатлу куштори 39 зиндонӣ ва ғайринизомии афғон нақш доштаанд.
 
Ба дунболи интишори ин гузориш, генерал Дифои Австралия Анжес Кемпбелл раиси нерӯҳои дифоии Австралия дар як конфаронси матбуотӣ бо пазириши ҳамаи мавориди ин гузориш гуфт: содиқона аз мардуми Афғонистон ба сабаби рафторҳое, ки дар гузориш ба он ишора шудааст , узрхоҳӣ мекунам.

 

Бештар бихонед:

Барчасп