Декабр 01, 2020 09:55 Asia/Dushanbe
  • Русия омода аст ба фаластиниҳо дар ҳалли мушкилоти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ кумак кунад
    Русия омода аст ба фаластиниҳо дар ҳалли мушкилоти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ кумак кунад

Раиси Ҷумҳурии Русия дар паёме ба раиси Ташкилоти Худгардони Фаластин бар омодагии Русия барои ҳимоят аз таъсиси ҳукумати мустақили Фаластин, ваҳдати гурӯҳҳои фаластинӣ ва кӯмакҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ба мардуми ин кишвар таъкид кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садоии Хуросон ба нақл аз Риановости, Раиси Ҷумҳурии Русия Владимир Путин ба муносибати рӯзи ҷаҳонии ҳамбастагӣ бо миллати Фаластин дар паёми худ ба «Маҳмуди Аббос» раиси Ташкилоти Худгардон гуфт : Русия мусаммам ба тавсеъаи равобити дӯстона ва ҳамкориҳои созанда дар арсаҳои мухталиф бо Фаластин аст ва барои ироаи кӯмак ба фаластиниҳо дар ҳалли масоили иқтисодӣ ва иҷтимоӣ омодагӣ дорад.
 
Путин афзуд : Русия ба таври мустамар аз мардуми Фаластин барои эҳқоқи ҳаққи худ дар таъсиси ҳукумати мустақил ва зиндагӣ дар сулҳу оромиш дар канори ҳамсоягони худ ҳимоят мекунад.
 
 Русия дар солҳои ахири борҳо бар зарурати таъсиси ҳукумати мустақили Фаластин таъкид кардааст.
 
Фаластин аз соли 1988 дар Маскав сафоратхонаҳо дорад ва давлати Русия аз таъсиси ҳукумати мустақил ва ваҳдати гурӯҳҳои фаластинӣ ҳимоят мекунад.

Дар соли 1977 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид рӯзи 29 ноябрро рӯзи байналмилалии ҳамбастагӣ бо мардуми Фаластин номид.

 

Бештар бихонед:

Барчасп