Декабр 01, 2020 12:10 Asia/Dushanbe
  • Лочин саввумин шаҳрест, ки арманиҳо пас аз тавофуқ тарк мекунанд
    Лочин саввумин шаҳрест, ки арманиҳо пас аз тавофуқ тарк мекунанд

Ҳамзамон бо хуруҷи артиши Арманистон аз шаҳри "Лочин" тибқи тавофуқи Қарабоғ, нерӯҳои артиши Ҷумҳурии Озарбойҷон саҳаргоҳи имрӯз пас аз 28 сол вориди шаҳри Лочин шуданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, ин шаҳристон аз соли 1992 дар ихтиёри нерӯҳои Арманистон буд ва бар асоси тавофуқи сеҷонибаи 10 ноябр Озарбойҷон, Русия ва Арманистон қарор буд аввали декабр ба Ҷумҳурии Озарбойҷон пас дода шавад.
 
Ин минтақа сеюмин шаҳре аст, ки арманиҳо пас аз тавофуқ онро тарк мекунанд.
 
Бархе аз сокинони армании Лочин ин минтақаро пас аз тасарруфи ҷумҳурии Озарбойҷон тарк карда ва хонаҳои худро оташ задаанд.
 

Ин хонаводаҳо бору банди худро пушти мошинҳояшон бастаанду ба сӯи дигари манотиқи маскунии Арманистон ба роҳ афтодаанд.
 
Лочин ба масоҳати ҳазору 835 километри мураббаъ шаҳристоне роҳбурдӣ дар минтақаи Қарабоғ ва умдаи меҳвари иртиботи мустақим миёни Арманистон ва  шаҳри Ханканди маркази Карабоғи Кӯҳӣ мебошад.
 

Ҷанги 44-рӯзаи байни Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон бо миёнҷигарии Русия бо созишномаи сеҷониба ба анҷом расид, ки мувофиқи он Арманистон қаламравҳои забтшудаи Ҷумҳурии Озарбойҷон (Ағдам, Калбҷар ва Лачин) -ро ба Озарбойҷон дод ва дар баробари тасарруфи коридори Лочин, ки  Арманистонро ба Қарабоҳи Кӯҳӣ васл мекунад, ӯҳдадор аст масири интиқолро байни қаламрави Озарбойҷон ва Ҷумҳурии Нахчувон созад.

Шаҳри Лочин дар 454 км ҷанубу ғарби Боку ҷойгир аст.


 
Бештар бихонед:

 

Барчасп