Пахши овезаҳои ҷанҷолӣ алайҳи Иванко Трамп дар Ню-Йорк
(last modified Tue, 01 Dec 2020 16:01:07 GMT )
Декабр 01, 2020 21:01 Asia/Dushanbe
  • Бо поён ёфтани давраи раёсати ҷумҳурии Доналд Трамп духтари ӯ низ бояд ҳамроҳ бо хонаводааш Кохи Сафедро тарк кунад
    Бо поён ёфтани давраи раёсати ҷумҳурии Доналд Трамп духтари ӯ низ бояд ҳамроҳ бо хонаводааш Кохи Сафедро тарк кунад

Овезаҳое дар сатҳи шаҳри Ню-Йорк пахш шудааст, ки нишон медиҳад аз духтари аршади раиси ҷумҳури феълии Амрико дар зодгоҳаш истиқбол намешавад.

Ба гузориши рӯзномаи “Индепендент”, Иванко Трамп, духтари аршади Доналд Трамп, ки ин рӯзҳо ба ҳамроҳи дигар аъзои хонавода бояд чамадонҳои худро барои тарки Кохи Сафед бибандад, зоҳиран бо истиқболи гарме дар шаҳри зодгоҳи худ Ню-Йорк низ мувоҷеҳ нахоҳад буд.

Овезаҳо дар минтақаи Манҳеттени Ню-Йорк ба деворҳо часбонда шуда, ки рӯйи он тасвири духтари раиси ҷумҳурии Амрико ба ҳамроҳи навиштаи “Иванко Трампро дар Ню-Йорк намехоҳем” ба чашм мехурад.

Нюёркиҳо аз бозгашти Иванко Трамп ба шаҳри зодгоҳаш истиқбол намекунанд

 

Иванко Трамп дар Манҳеттени Ню-Йорк ба дунё омадаву даврони навҷавонии худро дар ин шаҳр гузаронидааст.

Духтари раиси ҷумҳури феълии Амрико ба далели сукут дар баробари сиёсатҳои баҳсбарангези падараш, аз ҷумла дар иртибот бо ҷудо кардани кӯдакони муҳоҷир аз волидайни худ дар марзи Амрикову Мексика бо интиқодоти шадиде рӯ ба рӯ аст.

Бино бар гузоришҳое, ки ахиран мунташир шуда, бисёре аз ин кӯдакони муҳоҷир ҳанӯз натавонистаанд ба волидайни худ бипайванданду дар боздоштгоҳҳои марзӣ ба сар ме‌баранд.

Ҳамчунин баррасии парвандаи тахаллуфи молии Доналд Трамп боис шуда, радди пойи духтараш низ дар тахаллуфоти ӯ намоён шавад.

 

Бештар бихонед: