Дастёбии бостоншиносон ба наққошии инсонҳои 13 ҳазор соли пеш
(last modified Wed, 02 Dec 2020 13:23:23 GMT )
Декабр 02, 2020 18:23 Asia/Dushanbe
  • Амазон дар Асри Яхбандон танҳо минтақаи гарми кураи Замин буд
    Амазон дар Асри Яхбандон танҳо минтақаи гарми кураи Замин буд

Бостон‌шиносон наққошиҳои сахраҳо ё тахтасангҳое ба тӯли 10 километр дар ҷангалҳои боронии Амазон (Амазонка) кашф кардаанд, ки пешинаи онҳо ба асри яхбандон ва ҳудуди 11 ҳазору 800 то 12 ҳазору 600 соли пеш барме‌гардад.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии Сан, тиме аз бостоншиносони англис ва колумбияӣ даҳҳо ҳазор наққошии тахтасанге марбут ба асри яхбандонро дар ҷангалҳои боронии Амазонкаи Колумбия кашф карданд.

Дар ин наққошиҳо ҳайвоноти ғӯлпайкаре монанди мӯрчахорҳои бузург, тимсоҳ ва як гуна аз филҳои моқабли торих ба номи Мастодон ба тасвир кашида шудааст, ки акнун мунқариз шудаанд.

Наққошиҳои бостонӣ дар Амазон  
Наққошиҳои бостонӣ дар Амазон  
Наққошиҳои бостонӣ дар Амазон  

 

Офарандагони ин наққошиҳо, ки аз як рангдонаи табиии сурх дар рангомезиҳои худ истифода кардаанд, мумкин аст аввалин инсонҳое бошанд, ки ба Амазонка расидаанд.

Ба гуфтаи бостоншиносон, Амазонка дар он даврон танҳо минтақаи гарми рӯи кураи Замин буд.

Наққошиҳои бостонӣ дар Амазон  

 

Бештар бихонед: