Декабр 03, 2020 15:12 Asia/Dushanbe
  • Дог Ҳотер: Давлати Иёлоти Муттаҳида бояд таҳримҳоро ба поён бирасонад
    Дог Ҳотер: Давлати Иёлоти Муттаҳида бояд таҳримҳоро ба поён бирасонад

Кашиши амрикоӣ ба шиддат аз таҳримҳои ғайриинсонии Амрико алайҳи Эрон, ба вижа дар бахши пизишкӣ интиқод кард.

Дог Ҳотер, кашиши амрикоии узви кумитаи марказии калисои масеҳияти Минонойт рӯзи чаҳоршанбе дар гуфтугӯ бо ИРНА, бо интиқод аз таҳримҳои Амрико алайҳи мардуми Эрон гуфт: Тамоми гурӯҳҳое, ки фаъолияти башардӯстонаву пизишкӣ бо Эрон анҷом медоданд, ба далели душвориҳои таҳрим, ба вижа таҳрими бонкӣ ба фаъолиятҳои худ поён додаанд.

Ин кашиши амрикоӣ афзуд: Гурӯҳе аз масеҳиён пештар даври ҳам гирд омаданд то барои муқобила бо корона дар Эрон кумак гирдоварӣ ва ирсол кунанд, аммо тақрибан ҳеч ниҳоде дар Амрико вуҷуд надорад, ки бо Эрон кор кунад.

Ба гуфтаи Дог Ҳотер барои ирсоли кумак ба Эрон, ниёз ба муҷаввизҳои гуногун аз Вазорати хазонадории Амрико аст.

  • Вай афзуд, зарурӣ аст, ки давлати Иёлоти Муттаҳида, таҳримҳоро ба поён бирасонад ва ба БарҶом бозгардад, зеро ин тавофуқе бисёр хуб буд, ки танишҳо миёни мову Эронро поён медод ва дарҳои иқтисодии Эронро ба рӯйи ҷаҳон мекушояд.

Чанде пеш Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири хориҷаи Эрон дар номае ба Антонио Гуттереш, дабири кулли Созмони Милал гуфта буд, бо вуҷуди тавонмандии илмии низоми саломати Эрон, таҳрим ва пешшарт‌ҳои Амрико барои ҷилавгирӣ аз фурӯши дору ва таҷҳизоти пизишкӣ, талошҳо барои мубориза бо густариши вируси корона дар Эронро бо мавонеи ҷиддӣ мувоҷеҳ кардааст.

 

Бештар бихонед:

 

 

Барчасп