Декабр 05, 2020 11:39 Asia/Dushanbe
  • Эллиот Абрамс ба ҳамсари раисиҷумҳури Венесуэла пешниҳод додааст дар баробари касби ҳимояти Амрико аз Мадуро ҷудо шавад
    Эллиот Абрамс ба ҳамсари раисиҷумҳури Венесуэла пешниҳод додааст дар баробари касби ҳимояти Амрико аз Мадуро ҷудо шавад

Раисиҷумҳури Венесуэла аз пешниҳоди аҷибе, ки намояндаи Амрико дар умури Венесуэла ва Эрон ба ҳамсари вай дода буд, парда бардошт.

Ба гузориши ИРНА, Николас Мадуро, раисиҷумҳури Венесуэла рӯзи ҷумъа дар як конфронси матбуотӣ гуфт: «Elliott Abrams, дипломати амрикоӣ ба ҳамсарам дар мавриди талоқ гирифтан аз ман пишнҳодҳое додааст.»

Мадуро афзуд: «якбор Abrams аз роҳҳои иртиботӣ, ки бо амрикоиҳо дорем дар паёме ба Cilia ҳамсарам пешниҳод дода буд, агар аз ман талоқ бигирад метавонад ба хориҷ сафар карда ва аз пуштибонии ҳамаҷонибаи Амрико бархӯрдор шавад.»

Раисҷумҳури Венесуэла ҳамчунин ба посухи "ҳаргиз"-и ҳамсараш ба пешниҳоди дипломати амрикоӣ низ ишора кард.

Венесуэла соли 2019 дар вокуниш ба ҳимояти Вашингтон аз Хуан Гуайдо (Juan Guaidó), раҳбари мухолифони давлати Каракас, равобити худро бо Амрико қатъ кард.

Венесуэла дар 6 соли ахир бо шадидтарин буҳрони иқтисодӣ рӯбарӯ буда ва таҳримҳои Амрико низ дар давраи раёсатҷумҳурии Доналд Трамп шиддат гирифтааст.

 

БЕШТАР БИХОНЕД:

 

Барчасп