Декабр 05, 2020 14:00 Asia/Dushanbe
  • Ваксинаи умумии корона дар Маскав
    Ваксинаи умумии корона дар Маскав

Ваксина(эмгузарони)-и умумӣ алайҳи вируси корона бо нахустин ваксинаи русӣ ба номи «Спутник V» дар Маскав оғоз шуд.

Ба гузориши ИРНА, ваксинаи корона дар 70 маркази вижа дар бемористонҳо ва марокизи дармонии Маскав рӯзи шанбе оғоз шуд ва то поёни имсол низ 100 маркази дигар дар Маскав барои суръат бахшидан ба ваксинаи сокинони пойтахти Русия боз хоҳад шуд.

Дар замони ҳозир фақат афроди дар маърази хатари бештар шомили муаллимон, коркунони марокизи дармонӣ ва созмонҳои хадамотрасонӣ ва имдодрасонӣ дар Маскав, ваксина мешаванд.

Оғози ваксинаи умумӣ алайҳи корона дар Русия аз ҳафтаи оянда

Ваксинаи «Спутник V» барои занони бордор ва занони ширдеҳ дорои аворизи ҷонибӣ эълом шудааст.

Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия рӯзи чаҳоршанбеи гузашта эълом кард, ҳудуди 2 миллион доз ваксинаи «Спутник V» дар ин кишвар тавлид шудааст.

Русия дар рӯзҳои ахир бо ҳудуди 600 қурбонии ҷадид дар як шабонарӯз, рекорди рӯзона бештарин теъдоди маргу мири ношӣ аз коронаро аз оғози густариши вируси корона дар Русия 41 ҳазору 53 нафар ҷони худро аз даст додаанд.

БЕШТАР БИХОНЕД:

 

 

Барчасп