Декабр 05, 2020 15:12 Asia/Dushanbe
  • Нишасти кумитаи раҳбарии Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон рӯзи 5 декабр оғоз шуд
    Нишасти кумитаи раҳбарии Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон рӯзи 5 декабр оғоз шуд

Раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон, иттиҳоди ҳамаи гурӯҳҳо ва ҳизбҳои ин кишварро барои Афғонистон зарури донист.

Ба гузориши хабаргузории Ово, Абдуллоҳ Абдуллоҳ рӯзи шанбе дар нишасти ифтитоҳияи Кумитаи раҳбарии Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон, ки рӯзи шанбе дар Кохи раёсати ҷумҳурии ин кишвар баргузор шуд, шурӯи кори ин кумитаро барои тақвияти иҷмоъ(гирди ҳамои)-и милли дар Афғонистон гоме муассир донист ва гуфт: «барқарории сулҳ дар кишвар бояд омили иттиҳоди ҳамаи афғонҳо бошад ва ба сулҳ набояд нигоҳи манфиатталабона дошт.»

Абдуллоҳ афзуд: «имрӯза ҳамаи мардуми кишвар хоҳони барқарории оташбаси саросари ва аз байн рафтани душманиҳо ҳастанд.»

Раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон ҳамчунин зимни таъкид бар зарурати ҳифзи дастовардҳои мардуми Афғонистон дар тавофуқномаи сулҳ бо гурӯҳи Толибон хотирнишон кард, идомаи ҷанг дар Афғонистон ба нафъи касе нест ва танҳо нобудии кишварро ба дунбол хоҳад дошт.

Нишасти ифтитоҳияи Кумитаи раҳбарии Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон рӯзи шанбе ба раёсати Муҳаммад Ашраф Ғанӣ ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ ба сӯрати муштарак ифтитоҳ шуд.

Музокироти сулҳи Афғонистон байни давлат ва гурӯҳи Толибон аз 12 сентябри 2020 дар Давҳаи Қатар оғоз шуда ва чанд рӯзи пеш саранҷом ду тараф бар сари дастури кори музокирот тавофуқ карданд.

 

БЕШТАР БИХОНЕД:

 

Барчасп