Бародарзодаи Трамп: Ҷои Трамп баъд аз Кохи Сафед, зиндон аст
Мэри Трамп амакашро "ҷинояткор, зӯровар ва хиёнаткор" тавсиф кард ва гуфт, ки пас аз тарки Кохи Сафед бояд ба ҷавобгарӣ кашида шавад, то Иёлоти Муттаҳида шоҳиди рӯи кор омадани раиси ҷумҳурии бадтар аз Трамп набошад.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс, "Мери Трамп", ки равошинос , нависанда ва аз мунтақидони раисҷумҳури Амрикост дар гуфтугӯ бо хабаргузории Ассошиейтед Пресс ин назарро, ки муҳокима Трамп ихтилофоти сиёсии ин кишварро амиқтар мекунад рад кард.
Вай афзуд : агар як нафари сазовори пайгарду муҳокима бошад, он Доналд аст, дар ғайри ин сурат мо роҳро барои рӯи кор омадан касе, ки ҳатто аз ӯ ҳам бадтар аст боз мегузорем.
Бародарзодаи раиси ҷумҳурии Амрико дар бораи напазируфтаин шикаст аз сӯи амаки худ ва иддаоҳои интихоботии вай гуфт: рафтори пасоинтхоботии ӯ бо шахсияташ мутобиқат дорад; ӯ ҳеч вақт ба таври қонунӣ пирӯз нашуда, аммо ҳаргиз ҳам набохтааст.
Ба гуфтаи Мери Трамп, амакаш ҳамешаи дунболи пирӯзӣ асту муҳим нест бо дурӯғ, тақаллуб ё дуздӣ ба он даст ёбад.
Интихоботи раёсати ҷумҳурии 2020 Амрико дар сеюми ноябр баргузор ва Ҷо Байден номзади Демократ ба унвони Раиси ҷумҳурии мунтахаби Амрико муаррифӣ шуд.
Трамп токунӯу шикасти интихоботиро напазируфта ва муддаии тақаллуби густарда дар интихобот шудааст,, вале даҳҳо шикояти вай дар ин замина ба натиҷае нарасидааст.
Бештар бихонед: