Декабр 06, 2020 10:26 Asia/Dushanbe
  • Мубориза бо терроризм дар авлавияти Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ қарор дорад
    Мубориза бо терроризм дар авлавияти Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ қарор дорад

Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) феҳрасти ягона аз гурӯҳҳоеро, ки ин созмон ба унвони террорист мешиносад таҳия ме‎кунад.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Вячеслав Володин, раиси Думаи давлатии Федератсияи Русия дар иҷлоси Шӯрои маҷмаи порлумонии СПАД, ки ба сӯрати маҷозӣ ва бо ширкати Тоҷикистон,Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва кишварҳои нозир баргузор шуд, гуфт: “дар сӯрати таҳияи чунин феҳрасте, сервисҳои вижаи кишварҳои узви СПАД аз имкони иртиқои ҳамкориҳои худ ба сатҳи кайфӣ комилан ҷадид бархӯрдор хоҳанд шуд.

Вай афзуд, ин иқдом бархе ноҳанҷориҳои қонунгузориро низ дар миёни кишварҳои ин ҳавза рафъ хоҳад кард.

Станислав Зас, дабири кулли СПАД ҳам дар ин нишаст гуфт: “мубориза бо терроризм дар авлавият қарор дорад ва ба манзури бастани равишҳои истихдом, хурӯҷ ва вурӯди шаҳрвандони кишварҳои узви СПАД барои ширкат дар фаъолиятҳои террористӣ ва хунсосозии манобеи созмонҳои террористӣ аз соли 2019 амалиёти «муздӯр» дар ҳоли иҷро аст.”

Вай афзӯд, ҳамчунин барои пешгирӣ аз истифода аз фанновариҳои иттилоотӣ ва иртиботӣ ба нафъи созмонҳои террористӣ, дар қолаби СПАД амалиёти доимии «прокси» дар ҳоли иҷро аст ва дар натиҷаи ин амалиёт танҳо дар нимаи аввали имсол беш аз 30 ҳазор парвандаи ҷиноӣ дар мавриди иқдомоти ғайриқонӯнӣ дар интернет эҷод шудааст.

 

БЕШТАР БИХОНЕД:

 

 

Барчасп