Зарбулаҷали мухолифон дар Арманистон барои барканории Пашинян
(last modified Sun, 06 Dec 2020 08:35:05 GMT )
Декабр 06, 2020 13:35 Asia/Dushanbe
  • Мухолифон, Никол Пашинянро ба хиёнат ба мардуми ин кишвар муттаҳам кардаанд
    Мухолифон, Никол Пашинянро ба хиёнат ба мардуми ин кишвар муттаҳам кардаанд

Даҳҳо ҳазор муътариз бо тазоҳурот дар пойтахти Арманистон барои барканории Никол Пашинян аз симмати нахуствазирӣ то рӯзи сешанбеи ин ҳафта, зарбулаҷал таъйин карданд.

Намояндагони аҳзоби мухолиф дар порлумони Арманистон дар тазоҳуроти худ эълом карданд, агар Пашинян ва гурӯҳаш то соати 12:00 (ба вақти маҳаллӣ) рӯзи сешанбе (8 декабр) истеъфо надода бошанд «нофармонии иҷтимоӣ» дар саросари Арманистон оғоз хоҳад шуд.

Муътаризон рӯзи шанбе дар муқобили маҳали сукӯнати нахуствазир таҷаммуъ карда буданд.

Мухолифон таваққуфи ҷанг бо давлати Боку, Никол Пашинян, раиси кобинаи вазирони давлати Арманистонро ба таслим ва хиёнат ба мардуми ин кишвар муттаҳам кардаанд ва хостори барканории вай ва баргузории интихоботи пеш аз мавъиди порлумонӣ ҳастанд.

Ин дар ҳоле аст, ки Никол Пашинян муътақид аст, ки чорае ҷуз қабули оташбас надошта ва ин тасмим баъд аз машварат бо мақомоти низомии ин кишвар гирифта шудааст.

Эътирозот дар пойтахти Арманистон аз шаби 10 ноябр ва пас аз имзои баёнияи сеҷонибаи нахуствазири ин кишвар ба ҳамроҳи раисони ҷумҳӯуии Озарбойҷон ва Русия дар хусӯси оташбас дар Қарабоғ ва вогузории бархе манотиқи он ба тарафи озарбойҷонӣ оғоз шудааст ва ҳамчунон идома дорад.

 

БЕШТАР БИХОНЕД: