Вокуниши Вазорати хориҷаи Афғонистон ба иддаои озори муҳоҷирони афғон дар Эрон
(last modified Mon, 07 Dec 2020 15:22:08 GMT )
Декабр 07, 2020 20:22 Asia/Dushanbe
  • Афғонистон: Тасовири марбут ба озори муҳоҷирони афғон дар Эрон ҳақиқат надорад
    Афғонистон: Тасовири марбут ба озори муҳоҷирони афғон дар Эрон ҳақиқат надорад

Вазорати умури хориҷаи Афғонистон эълом кард, ки видеоҳову тасовири мунташиршудаи марбут ба иддаои озору азияти муҳоҷирони афғон дар Эрон ҳақиқат надорад.

Ба гузориши ИРНА, Вазорати хориҷаи Афғонистон рӯзи душанбе бо судури иттилоияе таъкид кард, ки дар тамоси Сафорати Афғонистон дар Теҳрон, бо мақомоти эронӣ ва бо афроди бонуфӯзи муҳоҷирони афғон дар шаҳрҳои мухталифи Эрон дар бораи бархе видеоҳои мунташиршуда мушаххас шуд, ки ин тасовир ҳақиқӣ нест.

Вазорати хориҷаи Афғонистон дар идома аз қавли чанд тан аз намояндагони муҳоҷирони муқими Эрон ва фаъолони арсаи ҳимоят аз муҳоҷирони афғон навишт: Ин афрод аз вуқӯи чунин бархурдҳое изҳори беитилоӣ кардаанд.

  • Дар идомаи ин гузориш изофа шудааст, ки теъдоде аз шаҳрвандони афғон бо гуруҳҳои қочоқӣ ба таври ғайриқонунӣ ба Эрон оварда мешаванд, ки сабаби ҳаводиси талхи трафикӣ, гаравгонгирӣ ва гоҳе аз даст рафтани ҷонашон мешавад.

Вазорати хориҷаи Афғонистон гуфтааст, ки нерӯҳои интизомӣ ва полиси Ҷумҳурии исломии Эрон ҳам бо судури иттилоияи расмӣ, видеоҳои мунташиршударо марбут ба Эрон надонистанд.

Ба тозагӣ дар фазои маҷозӣ тасовир ва видеоҳое мунташир шудааст, ки дар онҳо иддао мешавад, ки муҳоҷирони афғон дар Эрон мавриди озори афроди ношинос қарор гирифтаанд.

 

Бештар бихонед: