Фақр дар Афғонистон ҳукмфармост
(last modified Tue, 08 Dec 2020 05:29:02 GMT )
Декабр 08, 2020 10:29 Asia/Dushanbe
  • Корона фақр дар Афғонистонро 72 дарсад афзоиш додааст
    Корона фақр дар Афғонистонро 72 дарсад афзоиш додааст

Тақрибан нисфи аҳолии Афғонистон дар зери хатти фақр зиндагӣ мекунанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Ово, муовини идораи омори Афғонистон рӯзи душанбе гуфт: беш аз 47 дарсади мардуми Афғонистони зери хатти фақр зиндагӣ мекунанд ки ин рақам чаҳор соли пеш, 54 дарсад будааст.

Ҳасибуллоҳ Муваҳҳидӣ афзуд: мизони фақр дар Кобул ҳудуди 14 дарсад ва дар Бодғис 85 дарсад эълом шудааст.

Ин дар ҳоле аст, ки Раиси Ҷумҳурии Афғонистон Ашраф Ғанӣ ахиран гуфта буд 90 дарсад аз мардуми ин кишвар бо даромад рӯзонаи 2 долларӣ зери хатти фақр зиндагӣ мекунанд.

Бонки ҷаҳонӣ ҳам дар гузориши ҷадиди худ эълом кардааст фақр дар Афғонистони бар асари ҳамагирии вируси корона 72 дарсад афзоиш ёфтааст.

 Бар асоси ин гузориш ҳудуди 15 миллион афғон аз назари иқтисодӣ осебпазир ҳастанд.

 


Бештар бихонед: