Декабр 08, 2020 12:34 Asia/Dushanbe
  • Артиши ин кишвар дар чаҳорумин рӯзи амалиёт дучори фурӯпошӣ шуд
    Артиши ин кишвар дар чаҳорумин рӯзи амалиёт дучори фурӯпошӣ шуд

Ҷумҳурии Озарбойҷон эълом кард: дар ҷанги ахири Қорабоғ 4,8 миллиард доллар ба таҷҳизоти артиши Арманистон хисорат ворид шудааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Орон Нюз, муассисаи таҳқиқоти иқтисодии Донишгоҳи иқтисоди Ҷумҳурии Озарбойҷон (UNEC) рӯзи сешанбе дар гузорише эълом кард Арманистон дар ҷанги ахир бар сари муноқишаи Қарабоғ, таслеҳоте ба арзиши 4,8 миллиард доллар аз даст додааст.

Ин дар ҳолест, ки Микоил Минасян сафири собиқи Арманистон дар Ватикан ва домоди раисҷумҳури  собиқи ин кишвар Серж Саркисян, низ эълом кард 4 ҳазору 750 сарбоз ва афсари низомӣ дар ин ҷанг кушта шуданд.

Ба гуфтаи масъулони баландпояи артиши Арманистон, артиши кишвар дар рӯзи чоруми амалиёт суқут кард ва ба сарвазири Арманистон Никол Пашинян гузориш дода шуд.

Рӯзи 27 сентябр Артиши Ҷумҳурии Озарбойҷон амалиётро барои озод кардани вилояти Қарабоғи Кӯҳӣ ва шаҳрҳои ҳамсоя аз ишғоли Арманистон оғоз кард ва пас аз 44 рӯз тавонист ҳудудҳои онро аз ин кишвар бозпас гирад.

Даври ҷадиди даргириҳои низомӣ  миёни Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон моҳи гузашта бо миёнаравии Русия ва имзои тавофуқи сулҳ миёни руасои Ҷумҳурии Русия ва Ҷумҳурии Озарбойҷон ва ҳамчунин сарвазири Арманистон ба поён расид.

Ба мӯҷиби ин тавофуқ, Арманистон ба хуруҷ аз манотиқи ишғолии Ҷумҳурии Озарбойҷон мутааҳид шудааст.

 

Бештар бихонед:

Барчасп