Кӯмакхоҳии Арманистон аз Русия барои аломатгузории марз бо Озарбойҷон
Раиси Ҷумҳурии Арманистон дар номае ба ҳамтои руси худ кӯмаки Маскавро дар масъалаи аломатгузории марзӣ бо Ҷумҳурии Озарбойҷон хостор шуд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз дафтари матбуотӣ Раиси Ҷумҳурии Арманистон, Армен Саркисян дар ин нома зимни дархости ҳимоят аз аломатгузории марзӣ байни Арманистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон, аз Владимир Путин ба далели талошҳояш барои поён ёфтани ҷанг дар қҚарабоғ қадрдонӣ кард.
Раиси Ҷумҳурии Арманистон дар ин нома навишт: «Хатари эҳтимолӣ аз саргирии муноқишаи байни Арманистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон бар сари аломатгузории марзӣ вуҷуди дорад.»
Вазорати хориҷаи Арманистони пештар эълом карда буд, ки Ереван ва Боку мақарҳои низомии марзиро таъин кардаанд.
Даргириҳои низомӣ миёни Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон 27 сентябри гузашта дар минтақаи мавриди муноқишаи Қарабоғ оғоз шуду 10 ноябр бо имзоии баёнияи се ҷонибаи раисони Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Русия ва нахуствазири Арманистон поён ёфт.
Бештар бихонед: