Декабр 09, 2020 16:47 Asia/Dushanbe
  • Ҳасибуллоҳ Калимзай мегӯяд, ки Бонки марказии Афғонистон ба қароргоҳи Байден кумаки молӣ кардааст
    Ҳасибуллоҳ Калимзай мегӯяд, ки Бонки марказии Афғонистон ба қароргоҳи Байден кумаки молӣ кардааст

Як узви сенати Афғонистон иддао кард, ки бонки марказии кишвараш ба ситоди интихоботии Раиси Ҷумҳурии мунтахаби Амрико Ҷо Байден кӯмак кардааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Садои афғон,  Ҳасибуллоҳ Калимзай Hasibullah kalemzai раиси камиссиюни иртибототи байналмилалии маҷлиси сенати Афғонистон рӯзи сешанбе дар маросими гиромидошти рӯзи мубориза бо фасоди идорӣ гуфт : «Ҳудуди шаш моҳи пеш пас аз қатъ шудани барқ ва аз кор афтодани дурбинҳои амниятии Банки марказӣ, аз ин банк барои ситоди интихоботии Ҷо Байден номзади интихоботи раёсати ҷумҳурии Амрико пул фиристода шудааст.»

Каклимзай қатъ  шудани барқ дар Банки марказиро амдӣ хонду аз додситонии кулли Афғонистони хост то ин қазияро ба таври ҷиддӣ пайгирӣ кунанд.
 
 Ҳудуди шаш моҳи пеш гузоришҳое дар бораи қатъ  шудани барқ ба муддати чанд соат дар Банки марказии Афғонистон мунташир шуд.

Банки марказии Афғонистон пас аз нашри ин гузоришҳо дар баёнияе эълом кард дурбинҳои амниятии он ниҳод ба далели мушкилоти фаннӣ аз кор афтода буд. 
 

Барчасп