Декабр 09, 2020 18:53 Asia/Dushanbe
  • Ереван бояд роҳи гуфтугӯ бо Бокӯро барои равобити дипломатӣ боз кунад
    Ереван бояд роҳи гуфтугӯ бо Бокӯро барои равобити дипломатӣ боз кунад

Намояндаи барҷастаи ҳизби ҳокими порлумони Арманистон музокироти ин кишвар бо ҷумҳурии Озарбойҷонро барои барқарории равобити дипломатии ду кишвар хостор шуд.

Ба гузориши ИСНА, Андроник Кучариян, раиси Кумитаи дифоъ ва амнияти порлумони Арманистон бо эътироф ба шикасти ин кишвар дар муноқишаи Қарабоғ гуфт: Арманистон ниёз дорад аз ин вазъияти ноумедӣ дар зудтарин замони мумкин убур кунад.

Кусариян афзуд: Ереван бояд талош кунад то роҳи гуфтугӯ бо Бокӯро барои барқарории равобити дипломатӣ боз кунад, зеро ин иқдом боиси тавсеаи иқтисодӣ, амниятӣ, бозсозии артиш ва ташкили сомонаи амниятии кишвар мешавад.

Ин дар ҳолест, ки мардуми Арманистон аз шаби 10 ноябр ва пас аз имзои тавофуқномаи Қарабоғ дар эътирозоте хостори истеъфои фаврии Никол Пашинян, нахуствазири ин кишвар шудаанд.

Даври ҷадиди даргириҳои низомии ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон, ки аз 27 сентябри 2020 оғоз шуда буд, дар 9 ноябри 2020 бо миёнҷигарии Русия ва имзои тавофуқи сулҳ миёни руасои ҷумҳурии Русия ва ҷумҳурии Озарбойҷон ва ҳамчунин нахуствазири Арманистон ба поён расид ва Арманистон шикаст дар ин ҷангро пазируфт.  

 

 Бештар бихонед:

 

Барчасп