Июн 27, 2023 10:34 Asia/Dushanbe
  • Раисӣ : Эрон ва минтақаи Қафқози ҷанубӣ пораҳои торихӣ ва фарҳангии якдигар ҳастанд
    Раисӣ : Эрон ва минтақаи Қафқози ҷанубӣ пораҳои торихӣ ва фарҳангии якдигар ҳастанд

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон шиносоии мутақобили тамомияти арзии Арманистону Ҷумҳурии Озарбойҷонро гоми муҳимме дар масир расидан ба сулҳ донист ва таъкид кард : Ҷумҳурии исломии Эрон мухолифи ҳар гуна тағйири геополитикӣ дар Қафқоз аст.

Ба гузориши ИРНА,Сайидиброҳими Раисӣ- раиси Ҷумҳурии исломии Эрон рӯзи душанбе дар посух ба тамоси телефонии Никол Пашинян-нахуствазири Арманистон бо ишора ба пайвандҳои торихии ду кишвар гуфт : Эрон ва минтақаи Қафқози ҷанубӣ пораҳои торихӣ ва фарҳангии якдигар ҳастанд.

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрони афзуд : Теҳрон дар ростои сиёсати ҳамсоягӣ ва тақвияти равобит аҳамияту авлавияти болое барои густариши таъомулоту ҳамкориҳо бо минтақаи Қафқози ҷанубӣ қоил аст .

Раисӣ бо таъкид бар ҳимояти Ҷумҳурии исломии Эрон аз тамомияти арзӣ ва марзҳои торихии кишварҳои минтақа, тасреҳ кард : Ҷумҳурии исломии Эрон мухолифи ҳар гуна тағйир ё ҳузури неруҳои низомии ғарбӣ дар Қафқоз аст, чаро ки ҳузури бегонагон на танҳо мушкилеро ҳал намекунад, балки боиси бурузи мушкилоти ҷадид ҳам мешавад .Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон бо баёни инки шиносоии мутақобили тамомияти арзӣ аз сӯи Арманистону Ҷумҳурии Озарбойҷон гоми муҳимме дар масир расидан ба сулҳ аст, тасреҳ кард : Марзҳои ду кишвар бояд ҳар чаҳ зудтар аз фазои амниятӣ фосила гирифта ва ба марзҳои иқтисодӣ табдил шавад .
Раисӣ ҳамчунин бо мурӯри равобити дуҷониба бар суръат бахшидан дар иҷрои тавофуқномаҳои миёни Эрону Арманистон таъкид кард . Нахуствазири Арманистон низ гузориши муфассале аз раванд ва охирин вазъияти гуфтугуҳо ва музокироти сулҳ бо Ҷумҳурии Озарбойҷон ироа дод.

Бештар бихонед :

 

Барчасп