700 миллиарддоллар; кумаки давлати Ҷопон ба иқтисоди осебдидаи худ аз корона
Декабр 10, 2020 11:49 Asia/Dushanbe
-
Ёсихидэ Суга, нахуствазири Ҷопон умедвор аст, касбу корҳои осебдида аз корона ду бора равнақ гиранд
Давлати Ҷопон бо ихтисоси 700 миллиарддоллари дигар ба дунболи кумак ба иқтисоди осебдидаи ин кишвар пас аз корона аст.
Бемористонҳо, хонаҳои солмандону касбу корҳои осебдида аз корона аз ин бастаи ҳимоятии давлати Ёсихидэ Суга, нахуствазири Ҷопон баҳраманд хоҳанд шуд.
Ин бастаи ҳимоятӣ ҳамчунин шомили тарвиҷи мусофиратҳои дохилӣ ва кумак ба ширкатҳое мешавад, ки кормандонашон ихроҷ шудаанд.
Дар Ҷопон токунӯн 167 ҳазор бемори Ковид 19 шиносоӣ шудаанд, ки 2 ҳазору 334 нафар аз онон ҷон бохтаанд.
БЕШТАР БИХОНЕД:
- Оғози озмоиши болинии як ваксинаи корона дар Ҷопон
- Кумаки таҷҳизотии 270 ҳазор долларии Ҷопон ба се дармонгоҳи Тоҷикистон
Барчасп