Фурӯдгоҳи Кобул ҳадафи ҳамлаи террористӣ қарор гирифт
(last modified Sun, 13 Dec 2020 07:06:47 GMT )
Декабр 13, 2020 12:06 Asia/Dushanbe
  • Парвозҳои фурӯдгоҳи Кобул пас аз ду соат аз ин ҳамла аз сар гирифта шуд
    Парвозҳои фурӯдгоҳи Кобул пас аз ду соат аз ин ҳамла аз сар гирифта шуд

Фурӯдгоҳи Кобул субҳи имрӯз ҳадафи шиллики 10 мӯшаки террористҳо қарор гирифт.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо, ин ракетҳо ба таъсисоти фурӯдгоҳӣ осебе нарасондааст, аммо тасовири мунташир шуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ нишон медиҳад, ки таркишҳои ракет ба як ҳавопаймои истодаи ширкати ҳавоии “Ком Эйр” исобат кардааст.

Идораи ҳавонавардии ғайринизомии Афғонистон эълом кард, парвозҳои фурӯдгоҳи Кобул субҳи рӯзи шанбе пас аз исобати чанд ракет ба атрофи фурӯдгоҳ мутаваққиф ва пас аз ду соат азсар гирифта шуд.

Токунун шахс ё гурӯҳе масъӯляти ин ҳамларо бар ӯҳда нагирифтааст.

Амруллоҳ Солеҳ дар вокуниш ба ҳамалоти ракетии рӯзи шанбе ба манотиқи мухталифи Кобул, аз ҷумла фурӯдгоҳи ин шаҳр гуфт, давлати Ашраф Ғанӣ ба ин гуна ҳамалот посухи лозимро хоҳад дод.

20 рӯзи пеш ҳам 20 ракет ба нуқоти мухталифи Кобул шиллик шуд, ки дар натиҷа 10 ғайринизомӣ кушта ва беш аз 20 тани дигар низ захмӣ шуданд.

 

БЕШТАР БИХОНЕД: