Чаҳор марзбон дар сармои Бадахшони Афғонистон ҷон бохтанд
(last modified Sun, 13 Dec 2020 15:49:36 GMT )
Декабр 13, 2020 20:49 Asia/Dushanbe
  • Рӯзи якшанбе ҷасади чаҳор марзбони афғон, ки дар кӯҳистони Бадахшон нопадид шуданд, пайдо шуданд
    Рӯзи якшанбе ҷасади чаҳор марзбони афғон, ки дар кӯҳистони Бадахшон нопадид шуданд, пайдо шуданд

Чаҳор нерӯи марзии Афғонистон бар асари барф ва сармои шадид дар вилояти Бадахшон дар шимоли шарқи ин кишвар ҷон бохтанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз манобеи маҳаллӣ, сухангӯи полиси Бадахшони Афғонистон Саноуллоҳ Руҳонӣ рӯзи якшанбе гуфт: "Чаҳор нерӯи марзӣ, ки мехостанд аз шаҳристони Шуҳадо ба шаҳристони Ишкошими вилояти Бадахшон бираванд ба далели бориши барф ва тӯфон дар масир нопадид шуданд."

Вай афзуд: "Нерӯҳои полис ва аҳолии шаҳристони шуҳадо имрӯз (якшанбе) аҷсоди ин чаҳор нерӯи марзиро аз зери барф хориҷ карданд ва ба хонаводаҳояшон таҳвил доданд."

Чанде қабл низ як нерӯи полис бар асари сармо дар бадахшони Афғонистон ҷон бохт.

Бадахшон хунуктарин вилояти Афғонистон аст, ки ҳамасола даҳҳо нафар бар асари барф, сармо ва тарма ҷони худро аз даст медиҳанд.