Аҷибтарин издивоҷи ҷаҳон дар Чин +  акс
(last modified Mon, 14 Dec 2020 14:03:26 GMT )
Декабр 14, 2020 19:03 Asia/Dushanbe
  • Ин расм «Издивоҷи шабаҳҳо» ном дорад
    Ин расм «Издивоҷи шабаҳҳо» ном дорад

Як хонаводаи чинӣ 12 сол пас аз марги духтарашон, бақоёи ҷасади ӯро аз қабр берун овардаву барои издивоҷаш бо як мурда онро фурӯхтанд.

Ба гузориши Бошгоҳи хабарнигорони Ҷавони Эрон, ин хонаводаи чинӣ пас аз кандани қабри духтари бузургсоли худ ба номи Конг, бақоёи ҷасади вайро ба унвони «арӯси шабаҳ» ба қимати 9200 евро фурӯхтанд то тибқи суннати бостонӣ ба издивоҷи ҷавони мурдае, ки дар як тасодуф даргузашта буд, дарояд.

Ин маросим ҳафтаи гузашта дар рустое дар шимоли устони Ҳебейи Чин анҷом шуд.

Издивоҷи шабаҳҳо дар Чин

Ин расм, ки дар забони маҳаллии чинӣ «Ин Ҳун» ё «Издивоҷи ашбоҳ» ном дорад, ҳазорон сол аст, ки дар Чин барои мурдагони муҷаррад анҷом мешавад ва муҳимтарин бақоёи баҷомонда аз духтари ҷавон ё арӯси шабаҳ дар дохили қабри домод қарор мегирад.  

Мардуми маҳаллӣ бар ин боваранд, ки мурдагони муҷаррад пас аз барпоии издивоҷи ашбоҳ дигар дар зиндагии пас аз марг танҳо нестанд ва ин амал барои наслҳои оянда низ хушбахтӣ ва барои равони мурдагони муҷаррад оромиш ба ҳамроҳ меоварад ва шайтонҳоро дур мекунад.

Издиҷоҷи шабаҳҳо дар Чин

 

Бештар бихонед: