Декабр 14, 2020 20:46 Asia/Dushanbe
  • Ҳамдами Агафия дар зиндагиаш китоби муқаддас аст
    Ҳамдами Агафия дар зиндагиаш китоби муқаддас аст

Зане 76 сола дар манотиқи ҷангалии Сибир зиндагӣ мекунад, ки ба танҳотарин зани ҷаҳон маъруф аст.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии Шафақно, Агафия Ликоваи 76 сола, сокини ҷангалҳои Сибир садҳо километр дуртар аз мардум зиндагӣ мекунад ва ҳамдами ӯ дар зиндагиаш китоби муқаддас аст.

Хонаводаи вай соли 1936 аз дасти Сталин ва озору азиятҳои динии ӯ гурехтаву ба ин минтақа паноҳ оварда буданд ва ӯ дар ин ҷо мутаваллид шуд.

Агафия Ликова, ки дигар аъзои хонаводаашро аз даст додааст, ниёзҳои рӯзмарраашро ба танҳоӣ таъмин мекунад, аз роҳатии зиндагии модерн дурӣ меҷӯяд ва то кунун бо бемориҳову уфунатҳои имрӯзӣ мувоҷеҳ нашудааст.

Наздиктарин шаҳр бо маҳалли сукунати ин зан танҳо 150 мил фосила дорад.

Танҳотарин зани ҷаҳон дар Сибир
Танҳотарин зани ҷаҳон дар Сибир
Танҳотарин зани ҷаҳон дар Сибир

Олег Дерипаска, миллиардер ва молики алюминийсозии Русия ба кумаки ин зан шитофтаву дар ҳоли сохти хонае аст то ӯ аз сармои манфии 50 дараҷаи зимистон дар амон бимонад.

Гурӯҳе аз заминшиносони Иттиҳоди ҷамоҳири Шуравӣ дар соли 1970 ба сурати тасодуфӣ хонаводаи ин занро дар ин минтақа аз Сибер шиносоӣ карданд.

Танҳотарин зани ҷаҳон дар Сибир
Танҳотарин зани ҷаҳон дар Сибир

 

Бештар бихонед: