Декабр 15, 2020 17:09 Asia/Dushanbe
  • Парвандаи пурсару садои Такаҳиро Ширайши қотили твиттерӣ ҷопониҳоро шок кард
    Парвандаи пурсару садои Такаҳиро Ширайши қотили твиттерӣ ҷопониҳоро шок кард

Ҷопон мардеро, ки 9 нафарро пас аз тамос бо онҳо дар Твиттер, ба қатл расонида буд, ба эъдом маҳкум кард.

Ба гузориши торнамои шабакаи хабарии «Алолам», Такаҳиро Ширайши, ки «қотили твиттерӣ» лақаб гирифтааст, дар соли 2017 пас аз пайдо шудани аъзои бадани инсон дар бинояш, боздошт шуд.

Дар он замон полиси Токио дар талош барои ёфтани як зани гумшуда, ки баъдан маълум шуд яке аз қурбониёни Ширайши будааст, бинои ӯро ҷустуҷӯ кард.

Гуфта мешавад ин фард аз Твиттер барои барқарории иртибот бо касоне истифода мекарда, ки ба фикри худкушӣ будаанд.

Вай дар моҳи октябри соли ҷорӣ ба ҷурми худ эътироф кард ва ҳамаи иттиҳомҳоро пазируфт.

Такаҳиро Ширайши эътироф карда буд, ки ҳашт зану як мардро ба бинои худ даъват кардаву баъд аз куштану қитъа - қитъа кардани онҳо, аъзои баданашонро дар яхдону ҷаъбаи абзор нигаҳ доштааст.

Ин марди 30 сола қурбониёнашро фиреб медодаву ба онҳо мегуфтааст, ки метавонад кумакашон кунад то бимиранду дар бархе маворид ҳам иддао мекарда, ки худашро канори онҳо хоҳад кушт.

Вакилони Ширайши истидлол мекарданд, ки муҷозоти вай бояд коҳиш ёбад, зеро ки қурбониён қасди худкушӣ доштанду ба кушта шудан ризоият додаанд.

Ин дар ҳолест, ки қозӣ гуфтааст, ҳеч як аз қурбониён розӣ ба кушта шудан ба дасти Ширайши набудаанд.

Полис ҳудуди 240 қитъа устухон дар хонаи муттаҳам пайдо карда буд.

 

Бештар бихонед:

Барчасп