“Тамасхур кун ва дурӯғ бигӯ!” Нигоҳе ба твитҳои ахири Эди Куҳен, тролли маҷозии исроилӣ
(last modified 2024-08-07T10:59:43+00:00 )
Август 07, 2024 15:59 Asia/Dushanbe
  • Нигоҳе ба твитҳои ахири Эди Куҳен, тролли маҷозии исроилӣ
    Нигоҳе ба твитҳои ахири Эди Куҳен, тролли маҷозии исроилӣ

Порс-тудей. Эди Куҳен, ки худро афсару рӯзноманигори исроилӣ муаррифӣ мекунад, пас аз шаҳодати Исмоил Ҳания дар Теҳрон, фаъолиятҳои густардае дар шабакаи иҷтимоии “Икс” аз худ нишон додааст.

Нокомии режими Исроил дар нобудии Ҳамос ва озодсозии асирону ҷуръат надоштан дар додани посух ба амалиёти “Ваъдаи содиқ”-и Эрон, фишори ҳайсиятии шадиде бар ин режим ворид кардаву боис шудааст саҳюнистҳо барои ба даст овардани обрӯи аз дастрафтаи худ, аз троллҳову авбоши маҷозӣ барои ҳамла, тамасхур ва дурӯғпароканӣ баҳра бибаранд. Яке аз ин троллҳои Исроил Эди Куҳен аст, ки худро афсару рӯзноманигори исроилӣ муаррифӣ карда ва ба назар дастур ёфта то пас аз шаҳодати Исмоил Ҳания дар Теҳрон барои режими Исроил дастовардсозӣ кунад.

Дар ин матлаби дарёфтии маҷаллаи “Порс-туднй”, бархе аз твитҳои ахир Эди Куҳен мавриди воковӣ қарор гирифтаанд.

 

Талош барои қудратнамоӣ

Эди Куҳен дар твите дар шабакаи иҷтимои “Икс” бидуни ишора ба буҳронҳои дохилии Исроил, аз ҷумла муҳоҷирати маъкус, таътилии фурудгоҳҳо, баргузории тазоҳуроти зидди кабина, ихтилоф миёни аъзои кабина ва ғайра, Исроилро, ки ба гуфтаи Сайид Ҳасан Насруллоҳ, дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон “аз хонаи анкабут сусттар аст”, ба хонаи амн ташбеҳ кардааст.

Куҳен навиштааст: "Ҳар кас вориди хонаи Натанёҳу шавад, дар амон аст, ҳар кас вориди хона (оятуллоҳ) –и Хоманаӣ шавад, дар хабарҳо хоҳад буд".

Талоши твиттерии Куҳен барои намоиши қудратнамоии режими саҳюнистӣ

 


Талош барои умедбахшӣ ба саҳюнистҳо

Куҳен дар посте дигар ва бо интишори аксе аз шаҳодати фармондеҳони меҳвари муқовимат, ба саҳюнистҳо умеди рӯзҳои хубро дод.

Ӯ навишт: “Субҳ ба хайр, чӣ субҳи зебое бидуни инҳо”.

 

Умедбахшии Куҳен ба саҳюнистҳо

 

Ӯ дар твити дигаре бидуни ишора ба ҷанги равонии муассиру сабри роҳбурдии меҳвари муқовимат барои посух ба ҷинояти режими саҳюнистӣ навишт: "15 соат гузашт. Ҳеҷ иттифоқе науфтод. Шиорҳои ҷаълӣ ва шиорҳои тухолӣ. Онҳо хаста шуданд. Музахраф аст. Шумо тарсу ҳастед".

Умедбахшии Куҳен ба саҳюнистҳо

 

Ин твитҳо дар ҳоле мунташир шудааст, ки меҳвари муқовимат бар асоси роҳбурди кунунии худ пеш аз посухи низомии кӯбанда, ҷанги равонии густардаеро алайҳи режими саҳюнистӣ ба роҳ андохтаву боиси ваҳшату ҳароси саҳюнистҳо ва рафтани мудовими онон ба паноҳгоҳҳо шуда аст.

Аз сӯи дигар, ӯ намегӯяд, ки низомиёни исроилӣ дар ботлоқи Ғазза гирифтор шудаанду рӯзона сарзаминҳои ишғолӣ ҳадафи мушаку ракети неруҳои муқовимат аз Ғазза, Лубнон, Яман ва Ироқ қарор мегирад. Дар амалиёти неруҳои муқовимат то кунун садҳо низомии саҳюнист низ аз байн рафтаанд.

 

Талош барои ихтилофафканӣ миёни мусулмонону аъроб

Эди Куҳен дар твите низ талош карда ба ҳарбаи ҳамешагии истеъморгарон, яъне эҷоди ихтилоф миёни мазоҳиби мусулмон ва ҳамчунин даъвои қавмиятӣ бипардозад.

Ӯ навиштааст: “Сунниҳо медонанд, ки Эрон таҳдиде барои онҳост, на Исроил”.

Талоши Куҳен барои ихтилофафканӣ миёни мусулмонон

 

Куҳен дар таити дигаре навишт: "Саудиҳо аз кушта шудан (шаҳодат)-и Исмоил Ҳания ибрози хушҳолӣ карданд".

Талоши Куҳен барои ихтилофафканӣ миёни мусулмонон

 

 

Албатта, ҳӯшёрии насли ҳозири мусулмон боис шуд то ин ҳарбаи қадимӣ мавриди тамасхур қарор гираду корбарон Куҳенро ҳаҷв кунанд.

Дар ин замина як олими аҳли суннат аз зебоии намоз хондани раҳбарии шиа чун оятуллоҳ Хоманаӣ бар пайкари масъули суннимазҳаби Ҳамос сухан гуфт.

Як рӯҳонии дигари аҳли суннат ва фаъол дар шабакаи иҷтимоии “Икс” ба номи Ашшайх Д. Мӯсо Алхалаф низ бо дарҳамтанида донистани иртиботи шиаву суннӣ дар ҷаҳони имрӯз, дар посте ба ҳимояти якуним миллиард мусулмони суннӣ аз хунхоҳии шиаён аз раҳбари суннии Ҳамос сухан гуфт.

 

Истифода аз шеваи таҳқир

Эди Куҳен аз бозиҳои олимпӣ, ки бо ҳадафи тавсеаи ҳамзистии фарҳангҳо ва костан аз нажодпарастии барқароршуда низ нагузашт ва дар твите ба касби 6 медали сарбоз - варзишкорони ин режим ишора кард ва онро мояи бартарии саҳюнистҳо ва таҳқири аъроб қарор дод.

Ӯ дар твити худ навишт: "22 кишвари арабӣ: 2 ё 3 медал, дақиқан намедонам. Давлати бузурги Исроил: 6 медал".

Ин тавҳини ӯ албатта Ҳинд бо беш аз 1 . 5 миллиард ҷамъият ва дигар миллатҳоро низ дар бар мегирад.

Истифодаи Куҳен аз шеваи таҳқир

 

Хандаҳои ҳистрики Эди Куҳен

Эди Куҳен албатта дар бархӯрди равонӣ нотавон аз махфӣ кардани фишори равонии худ будааст. Ӯ дар твите, ки натавонист дар он мизони фишори асабии воридшуда бар худро пинҳон кунад, чанд бор рафтори ҳистрикашро бо баёни хандаҳои ҷаълӣ нишон дод.

Ӯ барои фаластиниҳо навишт: "Ин тамоми чизест, ки Шумо доред. Аз пирӯзиҳои Ҳамос суҳбат кунед . . . Ҳо ҳо ҳо ҳо... Ҳамос посухе намедиҳад ва ҳатто як мушак ҳам ба Тел-Авив шиллик намекунад. Оё ин натиҷаи сабри стратегӣ ва ҳушмандонаи Қассом аст? Ҳо ҳо.."

Хандаҳои ҳистрики Эди Куҳен

 

 

Талоши ҳамроҳ бо таҳқир барои камасар кардани иқдоми арзишманди Туркия

Сафорати Туркия дар Тел-Авив ва консулгарии Туркия дар Фаластин дар сӯги шаҳодати Исмоил Ҳания, раиси дафтари сиёсии Ҳамос парчамҳои худро нимаафрошта карданд. Куҳен ҳам монанди дигар мақомҳои режими саҳюнистӣ, ки аз ин иқдоми Туркия хашмгин шуда буд, дар твите бо интишори аксе ба қарор гирифтани парчами Исроил болои парчами Туркия ишора ва ба баёни худ, туркияиҳоро таҳқир кард.

Ӯ навишт: “Исроил Туркияро дар сафораташ дар ҳаёти хилваташ таҳқиру тавҳин мекунад. Ин ҷо Исроил аст”.

Талоши ҳамроҳ бо таҳқир барои камасар кардани иқдоми арзишманди Туркия

 

Иваз кардани ҷои шаҳиду ҷаллод

Эди Куҳен дар посте бидуни ишора ба ҷиноёти режими саҳюнистӣ дар куштори ҳудуди 40 ҳазор фаластинӣ дар Ғазза, Исмоил Ҳанияро террорист муаррифӣ карду азо гирифтанро муносиби тарафдоронаш донист.

Истифодаи Куҳен аз ҳарбаи иваз кардани ҷои шаҳиду ҷаллод

 

 

Талош барои костан аз манфурияти Натанёҳу

Эди Куҳен дар твите Бенёмин Натанёҳуро фармондеҳи Ховари Миёна муаррифӣ кард.

Ӯ навишт: “Ҳеҷ писаре ҷуз Натанёҳу ва ҳеҷ шамшере ҷуз F-35 вуҷуд надорад. (Натанёҳу) фармондеҳи Ховари Миёна”.

Ин пости Куҳен дар ҳоле мунташир шудааст, ки бар асоси охирин назарсанҷии канали 12 режими саҳюнистӣ, 72 дарсад аз саҳюнистҳо бар ин боваранд, Натанёҳу бояд аз симати худ канорагирӣ кунад.

Гуфтанӣ аст, Раҳбари инқилоби исломии Эрон Натанёҳу ва Исроилро пештар саги ҳори минтақа муаррифӣ карда буданд.

Ба назар ин пости Куҳен ишорае ҳам ба ин сухани Раҳбари Эрон доштааст.

Талоши Куҳен барои костан аз манфурияти Натанёҳу

 

Талош барои эҷоди эътибор барои Исроил дар баробари Амрико бо вуҷуди саги дастомӯз хонда шудани режими саҳюнистӣ

Раҳбари инқилоби исломии Эрон аввалин бор пас аз даврони раҳбарии худ, дар паём ба конгресси азими ҳаҷ дар таърихи 26 хурдоди соли 70 аз таъбири «саги дастомӯзи истикбор» барои режими саҳюнистӣ истифода кардаанд. Ин таъбир пас аз он дар ҷаҳон бисёр паҳн шуд.

Эди Куҳен дар ин замина ва бо интишори посте фантези ва бо ҳадафи камранг кардани ин сухан, аҳзоби демократу ҷумҳурихоҳи Амрикоро касоне тавсиф кард, ки рӯзона кафшҳои Натанёҳкро мелесанд!

Ӯ навишт: "Аз замони суханронии Натанёҳу, тағйири асосӣ дар иртибототу бархӯрд бо амрикоиҳо эҷод шудааст. Аҳзоби демократу ҷумҳурихоҳ 24 соати шабонарӯзӣ кафшҳои Натанёҳуро мелесанд".

 

Талоши Куҳен барои эҷоди эътибор барои Исроил

 

 

Талош барои қудратнамоӣ бо истифода аз таҳдидҳои террористӣ

Куҳен бо ҳадафи халқи қудрати равонӣ барои режими Исроил, бо интишори посте дар шабакаи иҷтимоии “Икс” аз идомадор будани ҳазфи сарони кишварҳову наҳзатҳо хабар дод.

Ӯ навишт: “Дирӯз Ҳания буд, фардо Мишел ва пасфардо Ҳасуна”.

 

Талоши Куҳен барои қудратнамоӣ бо истифода аз таҳдидҳои террористӣ

 

Куҳен сирфан як карактери расонаӣ бо силоҳи Твиттер асту бас!

Аммо Эди Куҳен кист?

Тибқи иттилооти мунташира, ӯ ҳеҷ симати расмӣ дар режими Исроил надораду арзиши мавозеаш дар ҳадди ҳамон Твиттер аст. Сирфан як фаъоли маҷозӣ аст, падари эрониаш ҷосуси Исроил буд ва кушта шуд. Бародараш низ ҷосус буд ва дар Сурия фош шуду эъдом шуд. Лизо кинаи аҷибе нисбат ба Эрон дорад ва твитҳои таҳрикомези ӯ алайҳи Эрону муқовимат ҳамешагӣ аст.

Ӯ собиқаи мукаррари дурӯғгӯӣ дораду ахбораш борҳо такзиб шудааст.

Тасвири самти рост: Эди Куҳен - тасвири самти чап: Бенёмин Натанёҳу

 

Тактикаи аслии ӯ истифода аз адабиёти тамасхуромезу иттилооти ғалат бо ҳадафи дастовардсозӣ барои Исроил аст. Дар воқеият бояд донист, ки режими Исроил ҳатто дар ҷанги даҳаи ҳафтод бо аъроб низ то ин андоза залил набудааст. Шикасти мутлақ дар нобудии Ҳамосу озодсозии асирону амалиёти бепосухи “Ваъдаи содиқ” фишори ҳайсиятии шадиде бар режим ворид овардааст.

 

Барчасп