Таъкиди дабири кулли СММ ба равобити тиҷории кишварҳо бо Эрон
Таъкиди дабири кулли СММ дар даҳумин гузориши иҷроии қаъномаи 2231 бо таъкид бар зарурати ҳифзи Барҷом, аз ҳамаи кишварҳои узви ин созмон хост дар чорчӯби ин қатънома бо Эрон равобити тиҷорӣ ва иқтисодӣ барқарор кунад.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, дабири кулли Созмони милал Антонио Гуттереш дар ин гузориши худ зимни таъкид бар ҳимояти ҳамаи кишварҳои узв ва созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ аз иҷроии Барҷом эълом кард: Ин барнома беҳтарин роҳ барои итминон аз як роҳи ҳалли ҷомеъ, баландмуддат ва муносиб барои масъалаи ҳастаии Эрон ва ҳамчунин кумак ба сулҳу амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ аст.
Гуттереш ҳамчунин бо ибрози таассуф аз хурӯҷи якҷонибаи Амрико аз Барҷом, аъмоли дубораи таҳримҳо алайҳи Эрон, ки тибқи Барҷом лағв ё аз онҳо чашмпӯшӣ шуда будро муғойир бо аҳдофи таъиншуда дар Барҷом ва қатъномаи 2231 донист.
Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ҳамчунин бо ишора ба иддаои давлати Трамп барои истифода аз равиши мавсум ба "механизми моша" ва бозгардондани тамоми таҳримҳои Шӯрои Амният алайҳи Эрон афзуд: Бештари аъзои Шӯроии амният ва Ҷумҳурии Исломии Эрон дар номае ба раиси ин шӯро эълом карданд, ки номаи 20 августи вазири хориҷаи Амрико мабнои қонунӣ надорад.
Қарор аст ин гузориш рӯзи сешанбе дар нишасти давраии Шӯроии Амният, ки бо мавзӯи иҷроии қатъномаи 2231 баргузор мешавад қироат шавад.
Бештар бихонед: