Декабр 20, 2020 10:38 Asia/Dushanbe
  • Трамп:расоноҳои ҷаълӣ дар ҳамлаи сайберии ахир бузургнамоии бисёре доштанд
    Трамп:расоноҳои ҷаълӣ дар ҳамлаи сайберии ахир бузургнамоии бисёре доштанд

Раисиҷумҳури кунунии Амрико гуфт, Чин муқассири ҳамлаи сайбер(киберӣ)-ии ахир ба кишвараш аст.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо, Доналд Трамп, раиси ҷумҳури кунунии Амрико дар “Твиттер” навишт: «расонаҳои ҷаълӣ дар ҳамлаи сайберии ахир бузургнамоии бисёре доштанд, аммо ҳама чиз таҳти кантрол аст.»

Трамп дар идома навишт:«Русия, Русия, Русия танҳо чизе аст, ки расонаҳои ҷараёни аслӣ дар бораи он ҳарф мезананд, зеро ба далоили иқтисодӣ аз баҳс дар бораи инки метавонад кори Чин бошад воҳима доранд.»

Вокуниши дерҳангоми Трамп ба ҳамалоти сойберии ахир дар ҳоле аст, ки раисиҷумҳури Амрико ба хотири сукӯташ дар баробари ҳамалоти густардаи сайберӣ ба ниҳодҳо ва созмонҳои муҳимми давлатии ин кишвар ба шиддат ҳадафи интиқодҳо қарор гирифта аст.

Бино ба гузориши расонаҳои Амрико, якшанбеи гузашта дар пайи ҳамалоти сайберии як гурӯҳи ҳакерӣ бо пуштибонии як қудрати хориҷӣ алайҳи марокиз ва ниҳодҳои муҳимми Амрико додаҳои чандин созмони давлатӣ ба сирқат рафт.

Гуфта мешавад, дар ҳафтаи ахир даҳҳо ҳамлаи сайберӣ алайҳи ниҳодҳои ҳассоси Амрико, аз ҷумлаи Вазорати хазона‌дорӣ, Вазорати амнияти дохилӣ ва марокизи ҳастаии ин кишвар анҷом шуда, ки мақомоти Амрикоро ба шиддат нигарон кардааст.

 

БЕШТАР БИХОНЕД:

Мақоми амрикоӣ: Эрон, Русия ва Чин масъули ҳамлаҳои сайберии (кибернетикӣ) пешрафта зидди Амрико

Сахттар шудани ҳамалоти сайберии CIA бо ихтиёроти вижаи Трамп

 

Барчасп