Чин: Амрико ба дунболи ба хатар андохтани субот аст
Артиши Чин Вашингтонро ба мухотира андохтани сулҳу субот дар гулӯгоҳи Тайван бо фиристодани киштиҳои ҷангии Амрико муттаҳам кард.
Ба гузориши South China Morning Post, Чжан Чуньхуэй, сухангӯии маркази фармондиҳии шарқии артиши озодихоҳи халқи Чин дар баёнияе гуфт: ахиран новҳои ҷангии Амрико дар ҳоли тараддуд аз гулӯгоҳи Тайван ҳастанду амдан таниш дар мавзӯи ин минтақаро ташдид карда ва шадидан сулҳу суботро ба мухотира меандозанд.
Чжан афзуд, нерӯи ҳавоӣ ва дарёии Чин нови "USS Mastin "-ро ҳини он чӣ худи Амрико тараддуди маъмул аз гулӯгоҳи Тайван мехонд, радёбӣ карданд.
Ин мақоми низомии Чин гуфт, Амрико дар ҳоли қудратнамоӣ ва истифодаи абзоре аз Тайван барои дастёбӣ ба аҳдофи худхоҳонаи роҳбурдии худ аст ва Пекин шадидан бо чунин иқдомоте мухолиф аст.
Артиши Амрико ҳам дар баёнияе муддаӣ шуда, ки тараддуди новҳои ҷангии ин кишвар баёнгари тааҳҳуди Вашингтон ба ҳифзи минтақаи озод аст ва артиши Амрико ба парвозу киштиронӣ дар ҳар куҷо, ки қавонини байналмилалӣ иҷоза диҳанд, идома медиҳад.
Таниш миёни Чин ва Амрико дар ҳафтаҳои ахир ва дар идомаи иқдомоти мудохилаҷӯёнаи Кохи сафед, бисёри боло гирифтааст .