Муҳокимаи садҳо наврасони турк ба далели иҳонат ба Эрдуғон
Вазорати адлияи Туркия дар солҳои ахир садҳо наврасони туркро ба далели иҳонат ба раиси ҷумҳурии ин кишвар муҳокима кардааст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс, омори Вазорати адлияи Туркия нишон медиҳад 903 кӯдак ва навҷавон, аз ҷумла 264 кӯдаки байни 12 то 14 сол ба иттиҳоми тавҳин ба Раиси Ҷумҳурии Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар як давраи шашсола муҳокима шудаанд.
Бино бар омори вазорати адлияи Туркия, дар муддати шаш сол 128 ҳазору 872 мавриди бозҷӯӣ ба далели тавҳин ба Эрдуғон анҷом шудааст ва додситонҳои Туркия фақат дар соли 2019 теъдоди 36 ҳазору 66 мавриди шикоятро расидагӣ кардаанд.
Тибқи модаи 299 қонуни муҷозоти Туркия тавҳин ба раиси ҷумҳурии ин кишвар метавонад муҷозоти ҳабси байни як то чаҳор солро дар пай дошта бошад.
Ин омор нишон медиҳад дар маҷмӯъ 9 ҳазору 556 нафар ба далели интишори паёмҳои зидди Эрдуғон дар шабакаҳои иҷтимоӣ муҷрим шинохта шудаанд, ки аз онҳо 2 ҳазору 676 нафарашон ба зиндон рафтанд.
Ҳафт нафар аз ин афрод наврасон буданд.
Аз 234 табааи хориҷӣ ва ҳашт шахсияти ҳуқуқӣ низ шикоят шудааст, ки барои 9 табааи хориҷӣ низ муҷозоти ҳабс содир шудааст .