Декабр 21, 2020 15:07 Asia/Dushanbe
  • Дар Британия як навъи нави коронавирус муайян карда шуд, ки қудрати сирояткунандатар дорад
    Дар Британия як навъи нави коронавирус муайян карда шуд, ки қудрати сирояткунандатар дорад

Нишасти изтирории 27 кишвари Иттиҳодияи Аврупо рӯзи душанбе барои вокуниш ба навъи ҷадиди вируси корона дар Британия баргузор мешавад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Ассошиэйтед Пресс, 27 кишвари иттиҳодияи Аврупо қарор аст дар нишасти фавқулодаи рӯзи душанбе чигунагии вокуниши фаврӣ ба навъи ҷадиди вируси корона дар Аврупоро мавриди баррасӣ қарори диҳанд.

Матт Ҳанкок Matt Hancock вазири беҳдошти Британия душанбеи ҳафтаи гузашта аз кашфи навъи ҷадиди вируси корона дар ин кишвар хабар дод, ки суръати густариши он 70 дарсад беш аз вируси шиносоишудаи феълӣ аст.

Бо эъломи ин хабар, чанд кишвари аврупоӣ, аз ҷумла Голландия, Италия, Белгия, Булғористон ва Люксембург тадбирҳои амниятии вижае дар пеш гирифтанду тамоми иртиботҳои ҳавоии худро бо Британия қатъ карданд.

Эрон низ эълом кард ба муддати ду ҳафта тамоми парвозҳо ба Британияро мутаваққиф кардааст.

Бархе кишварҳо низ иртиботи рейлии худро бо Британия мутаваққиф кардаанд.

 

Бештар бихонед:

Барчасп