Декабр 25, 2020 19:33 Asia/Dushanbe
  • Донаҳои барф беш аз 50 дарсад садои муҳитро маҳв мекунад
    Донаҳои барф беш аз 50 дарсад садои муҳитро маҳв мекунад

Мардум ҳангоми бориши барф сукуте вижаро эҳсос мекунанд ва донишмандон нишон додаанд, ки ин мавзуъ ҳосили падидае физикӣ аст ва далеле илмӣ дорад.

Ба гузориши Хабаргузории садо ва симо, бар асоси ёфтаҳои донишмандон, донаҳои барф ба иллати манфаз ё сурохиҳое, ки дар худ доранд, садоро ҷазб мекунанд ва ба ҳамин далел вақте ҳама ҷо пӯшида аз барф мешавад, сару садои муҳитӣ то бахши қобили таваҷҷуҳе коҳиш меёбад.

Бино бар пажӯҳиши донишгоҳи иёлатии Мичигани Амрико, донаҳои барф, ки шакли кристалҳои шашваҷҳӣ доранд, дар сохтори худ дорои фазоҳои холӣ ҳастанду метавонанд садоро дар даруни худ ҷазб кунанд.

Мизони ҷазби садо дар донаҳои барф байни ним то 9 даҳум аст, ба ин маънӣ, ки сабаб мешавад беш аз 50 дарсади садои муҳит маҳв шавад.

Ҷазби садои муҳит албатта барои ҳар бориши барфе яксон нест ва ҳаддиақал чандин сантиметр бояд барф биборад то сукут ба таври маҳсусе ҳукмфармо шавад.  

Ин дар ҳолест, ки агар дар фароянди обшавӣ, барф ба ях табдил шавад, садои муҳитӣ тақвият мешавад, зеро ях беш аз он ки амвоҷи савтиро ҷазб кунад, онҳоро мунъакис мекунад.

Аз дигар авомили муҳитии муассир дар барқарории оромиш ҳангоми бориши барф тамоюли шаҳрвандон ба мондан дар хона ва коҳиши таҳарруки парандагон аст.

 

Бештар бихонед:

 

 

 

 

Барчасп