Паёми Чин ба НАТО; бесуботиро ба Осиё-Пасифик наёваред/ трагедеяи Либия зиндааст
(last modified 2024-07-13T05:29:57+00:00 )
Июл 13, 2024 10:29 Asia/Dushanbe
  • Паёми Чин ба НАТО; бесуботиро ба Осиё-Пасифик наёваред/ трагедеяи Либия зиндааст

Порс тудей-Вазорати хориҷаи Чин, НАТО-ро ба талош барои ҳаросафканӣ дар минтақаи « Осиё-Пасифик » муттаҳам кард ва ба ин созмони низомӣ ҳушдор дод, ки бесуботиро ба ин минтақа мунтақил накунад.

 Ба гузориши Порс тудей, Лин Ҷиан-сухангӯи Вазорати хориҷаи Чин рӯзи панҷшанбе бо маҳкум кардани баёнияи нишасти сарони НАТО дар Вашингтон дар бораи минтақаи Осиё-Пасифик тасреҳ кард, ин баёния маҳсули зеҳнияти ҷанги сард ва мамлу аз лафзбозиҳои хасмона аст.

 Сухангӯи Вазорати хориҷаи Чин аз НАТО хост, ки зеҳнияти ҷанги сард ва рӯйкарди тақобулиро канор гузошта, тасаввури дурусте аз Чин дошта бошад, дахолат дар умури дохилии Чин, иттиҳомзанӣ ба Чин ва мухтал кардани равобити Чин ва Аврупоро мутаваққиф кунад.

 Лин Ҷиан дар идома НАТО-ро ба эҷоди бесуботӣ дар Аврупо муттаҳам кард ва гуфт: Чин қотеъона аз ҳокимият, амният ва ҳаққи худ барои бархурдорӣ аз тавсеа дифоъ мекунад.

 Сухангӯи Вазорати хориҷаи Чин дар поён таъкид кард: Трагедияҳои Афғонистон ва Либия нишон медиҳад, НАТО ҳар ҷо ҳозир шавад, ошуб ва ҳарҷу марҷ дар онҷо эҷод мешавад.

 Ванг Йи-вазири хориҷаи Чин ҳам иттиҳомоти сарони НАТО алайҳ кишваршро «беасос» хонд ва гуфт: Ин паймони низомӣ набояд дар умури дохилии Чин мудохила кунад.

 Сарони НАТО дар нишасти ахири худ дар Вашингтон, Чинро омили таъйинкунанда дар муноқишаи Украина ва чолиши системӣ барои равобити ду сӯи Уқёнуси Атлантика хонданд. Ин мавзеъгирӣ бо эътирози шадиди Пекин мувоҷеҳ шудааст.

 Муовини раиси Ситоди муштарак дар «Комиссияи марказии низомии Чин» ахиран бо баёни инки Амрико бузургтарин чолиш барои амният ва суботи минтақаӣ аст, хотирнишон кард, Вашингтон ба думболи эҷоди як нусха аз НАТО дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором аст, то гегемонияшро дар минтақа ҳифз кунад.

 

Барчасп