Декабр 27, 2020 15:42 Asia/Dushanbe

Дар пайи ҷадидтарин ҷинояти афсари пулиси шаҳри Columbus (Колумбус) иёлати Ohio (Огайо) алайҳи Андрей Ҳилл, шаҳрванди 47 солаи сиёҳпӯст мавҷи ҷадиде аз эътирозот алайҳи табъизи нажодӣ ва хушунати пулиси Амрико оғоз шуд.

Ба гузориши хабаргузории Эронпресс, дар пайи қатли Андрей Ҳилл муътаризони амрикоӣ ба хиёбонҳои Огайо омаданд ва бо сар додани шиъорҳое алайҳи нажодпарастии пулиси Амрико иҷрои адолатро барои ин шаҳрванди сиёҳпӯсти амрикоӣ хостор шуданд.

Рӯзи панҷшанбеи гузашта, як видеое мунташир шуд, ки дар он афсари пулиси амрикоӣ ба Ҳилл дар ҳоле, ки танҳо як телефони ҳамроҳ ба даст дошт, шиллик кард ва ӯро кушт.

Ҳилл бомдоди сешанбеи ҳафтаи гузашта дар анбори хонаи худ истода буд, ки ду афсари пулис ба вай наздик шуданд ва яке аз онҳо чандин бор ба самти ӯ тирандозӣ кард.

Пеш аз ин низ як шаҳрванди сиёҳпӯсти 23 солаи амрикоӣ чаҳоруми декабр дар муқобили хонааш ба дасти муовини калонтари шаҳристони Франклин ба зарби гулӯла кушта шуд.

Ҳамчунин душанбе 25 май буд, ки як афсари сафедпусти пулиси Амрико George Floyd, шаҳрванди сиёҳпӯсти амрикоиро дар иёлати Миннесота ба қатл расонд.

Бо ин ҳол, пулис ва нерӯҳои амниятии Амрико ба дастури Доналд Трамп, раисиҷумҳури ин кишвар мардуми муътаризро саркӯб мекунанд ва дар эътирозоти моҳҳои ахир дар Амрико ҳазорон нафар маҷрӯҳ ва боздошт шудаанд.

 

БЕШТАР БИХОНЕД:

 

Барчасп