Декабр 27, 2020 15:50 Asia/Dushanbe
  • Ин бартарӣ ба далели амалкарди беҳтари Чин дар даврони ҳамагирии корона аст
    Ин бартарӣ ба далели амалкарди беҳтари Чин дар даврони ҳамагирии корона аст

Натоиҷи тозатарин таҳқиқоти Маркази мутолиоти иқтисодӣ ва тиҷории Англия (CEBR) нишон медиҳад, ки Чин ба унвони дувумин иқтисоди қудратманди ҷаҳон то соли 2028 ва 10 соли зӯдтар аз ончӣ интизор мерафт, Амрикоро пушти сар хоҳад гузошт.

Ба гузориши рӯзномаи Гордиан, ин бартарӣ ба далели амалкарди беҳтари Чин дар муқоиса бо Амрико дар даврони ҳамагирии ҷаҳонии Ковид 19 аст.

Амрико феълан дар ҷойгоҳи нахусти қудрати иқтисодии ҷаҳон қарор дорад.

Гурӯҳи мушовираии мустақар дар Англия дар гузориши солонаи чашмандози рушди иқтисодии 193 кишвари ҷаҳон навишт, иқтисоди Чин ба суръат аз таъсиоти вайронгари Ковид-19  ба ақиб бозгашта аст ва дар соли 2020 рушди иқтисодии ду дарсадиро ба унвони яке аз муҳимтарин иқтисоди ҷаҳонӣ сабт хоҳад кард.

Дар гузориши ин марказ омадааст, ин дар ҳоле аст, ки пешбинӣ мешавад, иқтисоди Амрико имсол бо 5 дарсад коҳиши рушд рӯ ба рӯ шуд.

Дар ин замина Дуглас МакВильямс, муовини Маркази таҳқиқоти иқтисодӣ ва тиҷории Англия гуфт, мо интизор дорем Чин дар давраи панҷсола ( 2050 -2025 ) бештарин даромади иқтисодиро касб кунад.

Бо ин ҳол стандартҳои зиндагӣ дар Чин камтар аз Амрико ва дигар кишварҳои аврупоӣ хоҳад буд.

Бар асоси пешбинии ин маркази иқтисодӣ ва тиҷорӣ дар Англия, ҳамчунин тавлиди нохолиси дохилӣ дар ҷаҳон имсол коҳиши 4.4 дарсадӣ хоҳад дошт, ки бузургтарин коҳиши як сола аз замони Ҷанги ҷаҳонии дувум маҳсуб мешавад.

 

БЕШТАР БИХОНЕД:

Барчасп