Декабр 29, 2020 18:51 Asia/Dushanbe

Доналд Трамп дар охирин талошҳояш барои мондан дар Кохи Сафед, аз муовинаш Майк Пенс, ки раиси маҷлиси Сенат низ ҳаст, хостааст, ки натоиҷи орои Электролро таъйид накунад.

Трамп аз Пенс хостааст, дар ҷаласаи рӯзи шашуми январи 2021 –и Конгресс, ки дар он натоиҷи орои Электрол ба таври расмӣ эълом мешавад, бо он мухолифат кунад.

Атрофиёни Трамп саъй мекунанд ба ӯ бифаҳмонанд, ки раёсати Майк Пенс бар он ҷаласа ҷанбаи ташрифотӣ дорад ва ӯ наметавонад натиҷаи орои Электролро рад кунад!

 

Барчасп