Декабр 30, 2020 15:29 Asia/Dushanbe
  • Кремл мегӯяд, ки тахминҳо дар бораи ҷойгузини Путин асос надорад
    Кремл мегӯяд, ки тахминҳо дар бораи ҷойгузини Путин асос надорад

Сухангӯи Кремл, гумонзаниҳо дар бораи ҷонишини эҳтимолии Раиси Ҷумҳурии Русияро беасос донист.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Риа Новости,  сухангӯӣ Кремл Дмитрий Песков гуфт: «Гумонзаниҳои  бархе сиёсатмадорон дар бораи ҷонишини эҳтимолии Владимир Путин, раисҷумҳури Русия беасос аст.»

 

Раҳбари Ҳизби либерал-демократии Русия Владимир Жириновский гуфта буд: Курсии Раиси Ҷумҳурии Русияро дар оянда мумкин аст Михаил Мишустин нахуствазири Русия, вазири дифо Сергей Шайгу ва ё Раиси созмони иттилооти хориҷии Русия Сергей Норишкин пур кунад. 

Давраи  раёсати ҷумҳурии Путин марти 2024 ба поён мерасад.

Давраи раёсати ҷумҳурии дар Русия дар соли 2008 аз 4 сол ба 6 сол афзоиш ёфт ва бар асоси қонуни ҳар фард метавонад фақат ду давраи паёпайи ин самтро дар ихтиёр бигирад.

Соли 2018 Путин дуввумин бор бар асоси қонуни ҷадид ва чаҳорумин бор дар маҷмӯ, дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ номзад шуд ва 77 дарсади раъйҳоро касб кард.

 

Бештар бихонед:

Барчасп