Январ 01, 2021 18:26 Asia/Dushanbe
  • Бо фаро расидани аввали январи 2021 Британия расман аз Иттиҳоди Аврупо хориҷ шуд
    Бо фаро расидани аввали январи 2021 Британия расман аз Иттиҳоди Аврупо хориҷ шуд

Бо амалӣ шудани тавофуқи тиҷорӣ миёни Британия ва Иттиҳоди Аврупо, даврони интиқолии Брекзит ба поён расид то Британия аввалин кишваре бошад, ки аз н иттиҳодия берун меравад.

Ба гузориши “Ройтерс”, намояндагони Британия ва Иттиҳоди Аврупо рӯзи панҷшанбе, пас аз чандин даври музокира саранҷом бар сари созукори равобити тиҷории дуҷониба пас аз поёни даврони гузори Брекзит ба тавофуқ расиданд.

Бо поён ёфтани давраи интиқолии хуруҷи Британия аз Иттиҳоди Аврупо, ин кишвар соати 23 панҷшанбешаб ба вақти Лондон расман аз Иттиҳоди Аврупо хориҷ шуд.

Британия ва Иттиҳоди Аврупо дастёбӣ ба тавофуқи тиҷории пасобрекзитро панҷшанбеи ҳафтаи гузашта эълом карданд, ки бар асоси он Лондон аз аввали январи 2021 барқарории равобити тиҷорӣ бо Иттиҳоди Аврупо ба арзиши 660 миллиард фунт дар солро пазируфтааст .

Тавофуқи Брекзит ҳудуди чаҳоруним сол пас аз ҳамапурсии хориҷ шудани Британия аз Иттиҳоди Аврупо ба даст омад.

Ин дар ҳолест, ки сарвазири Шотландия эълом кард, ин минтақа ба зудӣ бори дигар ба Иттиҳоди Аврупо хоҳад пайваст.

Дар ҳамапурсии Брекзит 62 дарсад аз шаҳрвандони Шотландия ба боқӣ мондан дар Иттиҳоди Аврупо раъй дода буданд.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп