Вазири сиҳҳати Афғонистон саранҷом канор рафт
(last modified Fri, 01 Jan 2021 14:20:13 GMT )
Январ 01, 2021 19:20 Asia/Dushanbe
  • Аҳмад Ҷавод Усмонӣ ба далели вуҷуди фасод дар Вазорати сиҳҳати оммаи Афғонистон аз симати худ барканор шуд
    Аҳмад Ҷавод Усмонӣ ба далели вуҷуди фасод дар Вазорати сиҳҳати оммаи Афғонистон аз симати худ барканор шуд

Раиси ҷумҳурии Афғонистон пас аз барканор кардани вазири беҳдошт, вазъияти ахир дар ин вазоратхонаро ғамангезу тавҳиномез донист.

Ба гузориши хабаргузории “Шафақно”, Муҳаммад Ашраф Ғанӣ дар вокуниш ба худдории Аҳмад Ҷавод Усмонӣ аз пайравӣ аз дастури барканориаш, панҷшанбешаб ба Вазорати сиҳҳаит Афғонистон рафт ва таъкид кард: «Ҳама бояд ба қонун эҳтиром гузоранд ва касоне ки қонунро поймол кунанд, муҷозот хоҳанд шуд».

Ду рӯз пеш дастгоҳи қазоии Афғонистон эълом кард, бародар, домод ва яке аз наздикони Аҳмад Ҷавод Усмониро ба иттиҳоми тақозои ришва дар Вазорати сиҳҳат боздошт кардааст.

Пас аз он буд, ки Аҳмад Ҷавод Усмонӣ дар як паёми тасвирӣ ба расонаҳо гуфт, раисҷумҳур Ғанӣ аз ӯ хоста ки истеъфо диҳад.

Вай афзуда буд, дар ҳоле ки аз симати Вазорати сиҳҳати омма истеъфо накарда, санади истеъфояш дар идораи умури раёсати ҷумҳурӣ манзур гардидаву барояш фиристода шудааст.

Дар баргае, ки оқои Усмонӣ мунташир карда, далели барканориаш фасоди густарда дар идораи таҳти раҳбарии вай навишта шудааст.

Аҳмад Ҷавод Усмонӣ барканории худро тавтеаи сиёсӣ хондаву таъкид кардааст, ҳеч монеи қонунӣ барои идомаи кораш вуҷуд надоштааст.

Охирин хабарҳо баёнгари он аст, ки Ваҳиди Маҷрӯҳ, муовини Вазорати сиҳҳати Афғонистон ба симати сарпараст (иҷрокунанда)-и ин вазоратхона мансуб шудааст.

 

Бештар бихонед: