Расвоиҳои ҷадиди Трамп ва вокунишҳо ба он
(last modified Mon, 04 Jan 2021 06:21:34 GMT )
Январ 04, 2021 11:21 Asia/Dushanbe

Фош шудани муколимаи раиси ҷумҳурии Амрико бо як мақомоти Ҷорҷия ва дархости аҷибаш аз вай, барои Трамп дардисарсоз шудааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Вашингтон Пост рӯзи якшанбе дар гузорише эълом кард: «"Сабти садоии гуфтугӯи Раиси ҷумҳурии Амрико бо вазири дохилаи иёлати Ҷорҷия Брэд Раффенспергер нашр шуд, ки дар он Доналд Трамп аз мансабдори баландпоя хоҳиш мекунад, ки  раъйҳоро бозшморӣ кунад ва 11 ҳазору 780 раъйй ба нафъи Трамп биёбад то вай дар ин иёлати муҳим пирӯз шавад.»

 

Адам Шифф Adam Schiff раиси камиссияи иттилооти маҷлиси намояндагони Амрико ин муколамаро "зишттарин навъи сӯиистифодаи Трамп аз қудрат " донистааст,  ки "метавонад моҳияти муҷримона дошта бошад".

Ҷерри Надлер Jerry Nadler раиси комитети қазоии маҷлиси намояндагони Амрико низ дар ин замина гуфтааст: «Доналд Трамп ба иллати таҳдиди масъулони маҳаллӣ, худро дар маърази масъулияти қазоӣ қарор додааст.»

Мақомоти ҷумҳурихоҳи иёлати Ҷорҷия эълом карданд, Доналд Трамп ба далели фош шудани муколамаи маҳрамонаи худ бо мақомоти ин иёлат барои вазири дохилии Ҷорҷия ду парванда ташкил додааст.

 Ҷо Байден рақиби демократи Трамп бо касби 306 раъйи электрол дар интихоботи раёсати и ҷумҳурии Амрико дар сеюми ноябри 2020 пирӯз шудааст, аммо Трамп пирӯзии Байденро натиҷаи тақаллуб медонаду онро намепазирад.

 

Бештар бихонед: